Баргашт Чоп кардан

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ – ПОЯИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, барои таҳкими самаранокии идоракунии давлатӣ ва пешрафти иқтисодиёт, гузариш ба низоми рақамӣ афзалияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. Ин раванд дар сатҳи қабули қарор мутобиқ кардани рақамикунонӣ ба сиёсати стратегиро пешбинӣ менамояд ва бо ин восита ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ таъмин мешавад. Агар ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ҷаҳон аз рӯйи ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назар афканем, мушоҳида мегардад, ки иқтисоди онҳо, асосан, ба истеҳсолоти технологияҳои баланд ва инфрасохтори пешрафтаи иттилоотӣ такя мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати гузариш ба ин раванд ва татбиқи ҳукумати электронӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ идомаи мантиқии ислоҳоти сохторӣ буда, ба ҷорӣ намудани имконияти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мутобиқ ба равандҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ замина мегузорад. Дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид. Сарфи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии рақамикунонӣ ҳанӯз мавқеи пешсафро ишғол накарда бошад ҳам, вале он марҳалаи гузариш ба низоми рақамиро бо суръати назаррас тай намуда истодааст. Тибқи маълумот, ба ҳолати моҳи декабри соли 2025, аз рӯйи се захираи аз ҳама бештар истифодашавандаи интернет дар кишвар ҷойи аввал ба Google, ҷойи дуюм ба YouTube ва ҷойи сеюм ба абзорҳои зеҳни сунъӣ, аз ҷумла ChatGPT, рост меояд. Ин нишондиҳанда аз афзоиши фаъолнокии аҳолӣ дар фазои рақамӣ, таҳкими фарҳанги истифодаи захираҳои иттилоотӣ ва таваҷҷуҳ ба технологияҳои зеҳни сунъӣ шаҳодат медиҳад. ТАТБИҚИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ Ҳукумати электронӣ дар шароити муосири рушди ҷомеа яке аз самтҳои асосии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он табдил додани усулҳои анъанавии коғазӣ ба низоми электронии шаффоф, дастрас ва самаранок иборат буда, ба рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва таъмини ҳамоҳангии байниидоравӣ нигаронда шудааст. Дар ин раванд, бо ҷалби барномасозони ватанӣ, Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия гардида, дар беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохтори онҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол мебошад. Дар ин раванд, барои тасдиқи аслият ва амнияти мукотибот имзои электронии дар серверҳои дохилӣ сабтшуда барои зиёда аз 14 500 нафар истифодабаранда дастрас гардидааст. Хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ яке аз ҳадафҳои муҳими ислоҳоти идоракунии давлатӣ буда, ба табдили равандҳои анъанавии маъмурӣ ба муҳити электронии шаффоф ва автоматикунонидашуда равона гардида, дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ бидуни ҳузури шахс тавассути барномаҳои мушаххаси рақамӣ таъмин мекунад. Ин раванд ба баланд бардоштани самаранокӣ, сарфаи вақт, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва эътимоди ҷомеа ба низоми идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт, дар асоси фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ба истифода дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2025, №597 Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ гардида, номгӯйи 927 хизматрасонии давлатӣ ба таври мушаххас муайян карда шуд. Ба ҳолати имрӯза 83 намуди хизматрасонии давлатӣ ба Портали ягона ворид гардида, барои истифодаи шаҳрвандон дар шакли электронӣ дастрас мебошад. Қадами навбатӣ бояд ба васеъ намудани фарогирии хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва таҳкими ҳамгироии байниидоравӣ равона гардад, то шаҳрвандон имкони дастрас намудани хизматрасониҳоро аз оғоз то анҷом дар доираи як раванд дошта бошанд. Дар чунин низом зарурати муроҷиати такрорӣ ва пешниҳоди маълумоти якхела ба мақомоти гуногун бартараф мегардад. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ марҳала ба марҳала то соли 2030 амалӣ ва тавассути Портал пешниҳод мешавад. РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ Бо дарназардошти рушди босуръати илму техника, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳо талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин, самаранокии фаъолияти соҳаҳо аз технологияҳои зеҳни сунъӣ васеъ истифода мекунанд. Бо дарки аҳамияти зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Дар доираи Қатънома таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, ки вазифаи ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки татбиқи зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ иҷро менамояд. Дар ин замина ҳуҷҷатҳои дахлдор барои амалӣ сохтани фаъолияти Марказ таҳия ва омода гардида истодаанд. Дастоварди дигари кишвар дар самти зеҳни сунъӣ қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад, ки он бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, таҳия шудааст. Амалӣ намудани Стратегия барои рушди неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар амал истифодаи зеҳни сунъӣ бояд дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва саноат, самаранокӣ ва шаффофиятро баланд бардорад. Ин раванд Тоҷикистонро дар оянда аз кишвари истеъмолкунанда ба татбиқкунандаи фаъол табдил хоҳад дод. РУШДИ ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ Таъсиси паркҳои технологӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор, ташаккулу рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ, дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳои тиҷоратии нав ва афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат менамояд. Тоҷикистон дорои иқтидори назарраси истеҳсоли «неруи сабз», махсусан неруи барқи обӣ мебошад, ки яке аз афзалиятҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Истифодаи самараноки ин захираҳо имконият медиҳад, ки Тоҷикистон барои ҷойгиркунии марказҳои коркарди додаҳо (data centers) ва таҳкими инфрасохтори рақамии минтақавӣ ба яке аз хабҳои асосии технологӣ табдил ёбад, зеро чунин марказҳо талаботи баланд ба неруи барқ ва устувории энергетикӣ доранд. Дар ин замина, бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ, IT-Парк дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ 65 субъект (резидент) дар он ба қайд гирифта шудааст. Паркҳои технологӣ ҳамчун пешбарандаи иқтисоди инноватсионӣ шинохта мешаванд. Онҳо стартапҳоро ба бозор мебароранд, маҳсулоти рақамиро содирот менамоянд ва байни илм, тиҷорат ва давлат пайванди устувор месозанд. ИҚТИДОРИ КАДРИИ СОҲА Иқтидори кадрии соҳа омили асосии таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии кишвар маҳсуб меёбад, зеро амалӣ намудани лоиҳаҳои рақамӣ ва идоракунии технологияҳои муосир танҳо бо донишу малакаи касбӣ имконпазир аст. Сармоягузорӣ ба кадрҳо имрӯз муҳимтарин шакли сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Бе иштироки мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои барномасозӣ, таҳлили додаҳо, амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ ҳеҷ як ислоҳоти рақамӣ наметавонад ба натиҷаи устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, таҳкими низоми омодасозии кадрҳо ва рушди қобилиятҳои мутахассисон шарт ва омили калидии муваффақияти татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» таъсис ёфта, дар назди он ифтитоҳи литсейҳои равияи риёзӣ-техникӣ роҳандозӣ мегардад. АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ Ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз таҳдидҳои муосир яке аз самтҳои асосии амнияти кишвар маҳсуб меёбад. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки қувваи пешбарандаи пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад, таҳлили хатарҳои мавҷуда ва навро дар ин самт талаб намуда, устувории инфрасохтори иттилоотӣ, мунтазамии фаъолият, такмили пайвастаи воситаҳои идоракунии амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоотиро пешбинӣ мекунад. Бо ин мақсад, дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизимҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Бо рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии равандҳо, масъалаи амнияти иттилоотӣ бамаротиб бештар мегардад. Аз ин рӯ, таҳкими амнияти киберӣ, ҳифзи маълумот ва устувории инфрасохтор воситаи ҳатмии боварӣ ба хизматрасониҳои электронӣ мебошанд. ТАҲКИМИ ЗАМИНАҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ Таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ шарт ва омили асосии таъмини самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва мутобиқсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба талаботи рушди технологӣ ба шумор меравад. Бе қабул ва такмили мунтазами қонунгузорӣ татбиқи рақамикунонӣ ва ҳифзи устувори манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон мебошад. Мавриди зикр аст, ки аз оғози фаъолияти Агентӣ то ба имрӯз ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти соҳа 5 қонун, 30 қарори Ҳукумат ва 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Ин заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ҷорӣ кардани стандартҳои ягона, танзими равандҳои рақамӣ ва эҷоди муҳити рақамии устувору самаранок хизмат менамояд. Хуршед МИРЗО, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон