Бале, ин тарабхонаи номдор паҳлуҳои зиёди мусбат дорад, ки миёни ҳамтоёни бешумор мавқеашро нигоҳ дошта меистад. Банда ҳам, ки гоҳ-гоҳе меҳмондор мешавам, бе дудилагӣ ҳамин тарабхонаро интихоб мекунам. Аммо… …Аммо вақтҳои охир роҳбарияти ин муассиса баъзе аз қоидаҳои нонавиштаеро татбиқ менамояд, ки, ба қавле, хӯрдаат заҳри баданат мегардад. Сухан сари эҳтиром аз ҳуқуқи истеъмолкунанда хоҳад рафт, ки, воқеан, боиси нигаронист. Дур намеравем, соли гузашта бо интизориҳои зиёд нафареро аз Русия дар «Яккачинор» пазироӣ кардем, ки тайи 15 соли охир пасопеш зиёдтар аз 30 нафар муҳоҷирони меҳнатии моро дар манзили падариаш ҷой додаву меҳрубонӣ кардааст. Дмитрийи меҳмон чун вориди «Яккачинор» шуд, аз дидани мизи идона ва тарзи пешниҳоди дастархон ба ваҷд омад ва аз борхалтааш як шиша оби сафеди тира (самогон) болои миз гузошт. «Бо иҷозати шумо ман нӯшбод мегӯям», – гуфта, шишаро кушодан хост. Ногоҳ пешхизмат нафари паҳлуи моро наздаш хонда, дар гӯшаш чи ҳарфе пичиррос зад. Дилшод баргашта, бо узр таклиф кард, ки агар меҳмон хоҳиши нӯшидан дорад, ба пешхизмат фармоиш диҳад, зеро дар ин тарабхона «бо худ овардани нӯшокӣ қатъиян манъ» будааст. Мо – мизбонони хиҷолатзада дар назди меҳмон (ҳарчанд болои миз чанд намуд аз нӯшокиҳои спиртӣ фармоиш дода будем), ба суроғи сардори пешхизматон дарунтари тарабхона рафтем. Бахти мо омад карду хонуми масъул меҳмонро барои кушодани шишаи бо худ овардааш иҷозат дод. Баъди чанд паймона Дима ҳайраташро дигар пӯшида натавонист, ки пурсид: «Дар тарабхонаҳои шумо баъди кор ҳам нӯшидан мумкин нест?». Ростӣ гап, ҳарчанд болои миз чанд намуд аз табори чунин нӯшокиҳо гузошта шуда буданд, аммо саволи меҳмон беҷавоб монд… Ва, инак, чанде пеш, бо гузашти бештар аз як сол, бо даъвати чанде аз пирони хизматнишондода ба «Яккачинор» даъват шудем. Соат 18:30, болои миз дар баробари анвои пури хӯрданивор, шишае чанд аз оби сафед ҳам гузошта шуда. Ман, ки, беихтиёр, масъули қабулу гусели меҳмонҳо шудам (чун ҳама аз ман бузургсол буданд), хотирҷамъ барои худ чойи сабз фармоиш додам. Баробари пур шудани қадаҳҳо, яке аз устодон эълон кард, ки ман бо фармоиши духтур фақат винои хонагӣ менӯшам. Аз миёни наз-дики 15 нафар ҳамагӣ 3 нафар, ки шишаи ғайриодиеро дар дасти устод диданд, хоҳиши бо ӯ ҳамроҳ шуданро намуданду дигарон ҳар чи болои миз буд, нӯши ҷон мекарданд. Аз ҷумла, аз арақи «Арча», ки пешхизмат қаблан гузошта буд. Ҳанӯз даҳони меҳмонон гарм нашуда, ки як нафар омада, болои сари мо бо оҳанги фармонфармоӣ нӯшидани «нӯшдору»-и хонагии устодро манъ кардан хост, ки гуфт: «Ба тарабхонаи мо бо худ овардани нӯшокиҳо қатъиян манъ аст». Устод бо табиати хоксоронае, ки доранд, гуфтанд, ки ҳама аз дастархони шумо хӯрдаву менӯшанд, фақат ману ду шогирд шароб не, балки барои саломатӣ кам-кам «нӯшдору» мегирем. Духтарак худро дошта натавониста, овоз баланд кард: «Ман мефаҳмам, вале намехоҳам бо айби шумо аз маошам 400 сомонӣ ҷарима супорам». – Чӣ хел ҷарима, чӣ хел 400 сомонӣ, духтарам, охир дигарон аз ҳисоби тарабхона нӯшида истодаанд-ку. Фарқаш чӣ? Тасаввур кунед, ки аз 15 мизоҷ се нафараш умуман нанӯшид… Аммо ин дафъа мисли соли пор бахтамон омад накард. Пешхизмат рафта, нафари дигареро барои «тарсондан» болои сари мо овард. Нишасти идона ба баҳси калони қариб осмонкаф мубаддал гашт. Дар ниҳояти кор, ноилоҷ маҷбур шудем, рафта аз «бар»-и тарабхона як шиша оби сурх (монанд ба «нӯшдору»-и устод) фармоиш дода, ҷонибҳоро ором созем, то шармсор нашавем… Шояд аксарият ин ҳақиқатро нодида мегиранд ё «кирои гап» намедонанд. Вале бовар кунед, ин зуҳуроти барои пойтахт хеле имиҷкуш, балки иқтисодкуше фаротар аз долони як тарабхона аст. Тасаввур кунед, аз ҷониби як хизматчии порахӯри тасодуфӣ кофтани кисаи як сайёҳи бечора кам ҳодисаи номусшикан буд, ки тарабхонае чун «Яккачинор» низ обрӯ ва ҳам манфиати миллату давлатро худсарона сарфи назар мекунад?! Чаро бояд як соҳибкор дар дили кишвар – пойтахти Тоҷикистони дунявию демократӣ, мувофиқи табъи худаш қоидаҳое ҷорӣ созад, ки барои мизоҷ ғайри қобили қабуланд? Мебахшед, «Яккачинор» хонаи шефи тарабхона нест, ки меҳмон дар итоаташ бошад. «Яккачинор» тарабхона, балки яке аз оинаҳои рӯнамои пойтахт аст. Чаро ба нафаре, ки шояд тули тамоми фаъолияти миллионофараш дар ҳудуди тарабхона як бех гул насабзондааст, иҷозат медиҳем, ки худкома бошаду яккатозӣ кунад?! Магар дар баробари чанд шишаи фармоишӣ як қадаҳ аз хостаи худаш нӯшидани мизоҷе, ки то 3 ҳазор сомонӣ дар хазинаи тарабхона монда меравад, «гуноҳи кабира» аст?! Ба ин савол дертар ҷавоб ёфтам. Аниқтараш, вақти ҳисобӣ кардан. Ба арзиши хӯрокҳою меваю сабзавот кор надорам (ҳарчанд 12 сомонӣ арзиш доштани 100 грамм чаккаро метавон ба риштаи баҳс кашид. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки 1 килограмми ин маҳсулоти худӣ то 18 сомонӣ фурӯхта мешавад!), аммо вақте махсус нархи нӯшокиҳои спиртиро муқоиса кардам, парда аз рӯи асрор бардошта шуд. Баъд фаҳмидам, ки чаро масъулини ин тарабхона халтаҳои мизоҷонро қатъи назар аз куҷоиву мансуби кадом нажод будан, тагурӯ мекунанд, то бо худ «ғайриқонунӣ» нӯшокии мехостаашонро набиёранд. Гап сари даромади калон меравад, балки истисмори мизоҷ, ки даромади муфти ҳангуфт мезояд. Фарзи мисол, як шиша арақи «Арча», ки дар баъзе мағозаҳо на бештар аз 40 cомонӣ меистад, дар ин тарабхонаи роҳзан 70 сомонӣ қимат дорад. Ба ҳамин монанд, агар «Ред лейбл»-ро аз мағоза бо 285 сомонӣ дастрас кардан имконпазир бошад, дар ин «муассисаи худмухтор» 476 сомонӣ мефурӯшанд. Яъне, аз як шиша нӯшокӣ мутаносибан то 60 дарсад фоидаи соф мегиранд. Тасаввур кунед, 60 дарсад!!! Оё бо ин нафси сарҳуй, ки ғорати рӯйрости мизоҷонро мемонад, метавон пойтахту хизматрасониҳои онро обрӯ бахшид??? Бале, гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Барои ин қабил соҳибкорон кай фарқ дорад, ки меҳмон дар бораи ин кишвар, ин пойтахт ва меҳмондории ин миллат чӣ бардоште бо худ хоҳад бурд! Шояд касе иқтисоди бозорӣ аст гуфта, андешаи ин ҷонибро ғайри қобили қабул медонад? Дуруст, имрӯз на танҳо ин тарабхона, балки қариб тамоми намудҳои хизматрасонӣ бо шиори бобоии «Бардошт, зам кун…» кор мекунанд, вале ин ҳеҷ вақт маънои онро надорад, ки мизоҷ ҳамчун ягона манбаи даромад ва мавҷудияти тиҷорати соҳибкорони мо аз ин ё он мағозаву бозору тарабхона бо димоғи сӯхта, ҳатто таҳқиршуда «гусел» шавад! Ё шумо фикри дигар доред?! P.S. Воқеан, дар бораи тарабхонаҳои мо ногуфтаҳои аз ин беш низ ҳастанд, ки масъулин сари онҳо бояд ҷиддӣ чораандешӣ намоянд. Чун кишвари дунявию демократием, набояд иҷозат диҳем, ки ҳар кӣ дар кунҷе аз пойтахти азиз нуқтаи хизматрасонӣ сохт, талаботҳои шахсии худро ҷорӣ сохтаву ҷомаи қоидаву қонун пӯшонад. Ҳамин муассисаҳоянд, ки аз ҷамъи хизматрасониҳои онҳо хулосаи мизоҷон, ки, аксаран, меҳмонону сайёҳонанд, нисбат ба мову кишварамон бароварда мешаванд. Мавзуъ пайгирӣ хоҳад шуд.