ОМӮЗГОРЕ АЗ КАБКРЕЗ
Омӯзгори ростин, садоқатманди рисолати хеш Шералӣ Шарифов ба остонаи ҳаштодсолагӣ наздик бошад ҳам, то ҳанӯз бо умед субҳ ба сӯйи МТМУ № 31-и деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба роҳ мебарояд. Дар ҷузвдонаш китобу дафтар ва қайдҳои алоҳида баҳри шавқовар гузаштани дарси кимиё, аз хонандагони ташнаи маърифат ва номи боэҳтироми омӯзгорӣ дил канда наметавонад.
Номбурда 1-уми сентябри соли 1947 дар деҳаи Кабкрез ба дунё омад. Пас аз ду соли бозгашт аз ҶБВ, рӯзе, ки Мирзоалии акнун омӯзгор барои нахустин рӯзи таҳсил омодагӣ медид, соҳиби писар шуд. Ин кӯдак оянда касби ӯро идома дод ва занҷираи зарини омӯзгории ин хонавода боз як ҳалқаи дигар ёфт.
Ҳамин тавр, қаҳрамони мо Шералӣ факултети кимиёи ДМТ-ро соли 1971 бо ихтисоси кимиёшинос хатм намуд. Муддате дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Як сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Озарбойҷон хидматро ба поён расонд.
Ёд дорем, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар замони камчинии мусофирбарон устод масофаи зиёдро пиёда тай намуда, бо умед назди хонандагон меомад. Аз таҳсил соате дур мондани онҳоро аз оқибатҳои ҷанг ҳам бадтар медонист.
Дар раванди корӣ шахси ҷиддӣ ва бомасъулият бошад ҳам, ҳамчун инсон ғамхор, бозарофат ва хайрхоҳ аст. Аз адабиёти классикӣ баҳраҳо дорад ва машварату суҳбатҳояш самимиву омӯзандаанд.
Минбаъд бо пешбарии МИМҲД ноҳияи Файзобод Шералӣ Шарипов котиби Ҷамоати шаҳраки Файзобод ва қариб ёздаҳ сол сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия буд. Бо вуҷуди ин масъулиятҳо, ҳамкориро бо мактабу маориф қатъ накард.
Панҷоҳу чор сол аст, ки бо заҳмати омӯзгорӣ ва номи баланди ин пеша зиндагӣ дорад. Ҳарчанд ки айёми пирӣ меронад, аммо қобилияти корӣ, таҷрибаҳои бисёрсола ва малакаҳои касбӣ барои мо – омӯзгорони насли нав, коромаду ғаниматанд.
Муҳиддин ЯТИМ, омӯзгори МТМУ № 31-и ноҳияи Файзобод