Баргашт Чоп кардан

ҲАНИФА МАВЛОНОВА

Ҳиссиёти ботинӣ ва олами маънавии қаҳрамонони худро табиӣ ва фасеҳ ифода мекард. Ӯ на танҳо дар инкишофи опера ва театри тоҷик, балки дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон саҳми калон гузоштааст. Театрро хонаи дуюми худ медонист. Ҳанифа Мавлонова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 30-юми январи соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи дуторнавози мумтоз Муҳиддин Мавлонов таваллуд шудааст. Падараш ба мусиқӣ рағбати зиёд доштани Ҳанифаро дида, ӯро барои таҳсил соли 1932 ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд бурд. Соли 1936, баъди хатми Омӯзишгоҳ, Ҳанифа Мавлонова фаъолияти худро дар Театри тамошобини ҷавон, ки бо ташаббуси Комитети комсомолии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) таъсис ёфта буд, оғоз намуд. Ҳамин тариқ, Ҳанифа Мавлонова бо ҷасорати тамом ба роҳи ҳунарии падараш қадам ниҳод. Ҳаёти инсонҳо, ишқу муҳаббати покро бо ҳунари худ тараннум мекард. Бо хондани шеъру таронаҳо ба дили мухлисон, хусусан, занону духтарони ҳамзамони худ ҷой гирифт. Бо сароидани таронаҳое, ки мавзуъҳояшон дархӯри замон буданд, ғояҳои зиндагии шоистаро тарғиб мекард. Мухаммаси Муҳиддин Аминзода “Донистам”, ки қаҳрамони лирикиаш зани озод аст, аз ҷумлаи он шеърҳои мондагорест, ки Ҳанифа Мавлонова сароидааст. Ҳуқуқи худ ба даст оварда дар майдони инсонӣ, Ба мо ҳам рӯшноӣ дар ҷаҳон будаст, донистам… Сарояндаи акнун маъруф фаъолияташро дар Театри драмаи мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд давом медиҳад. Дар ин давра иҷрои нақши Санавбар аз рӯйи драмаи «Санавбар»-и Раҳим Ҷалил ба Ҳанифа Мавлонова муваффақияти зиёд овард. Соли 1943 дар шаҳри Душанбе даҳаи санъати вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он ҳунарманди шинохта Ҳанифа Мавлонова низ иштирок ва ҳунарнамоӣ кард. Ҳамон сол ӯро барои кор ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даъват карданд. Аз ҳамон замон роҳи ӯ ба сӯйи саҳнаи бузурги ҳунари касбӣ – опера оғоз ёфт. Ҳанифа Мавлонова дар саҳнаи ин театри бузург беҳтарин нақшҳои операвиро бо камоли маҳорат ва ҳунар иҷро кардааст. Ба эҷодиёти пурбору рангини ӯ на танҳо дар кишвар, балки дар саҳнаҳои бузурги собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Туркия, Канадаву Лаҳистон, Муғулистону Ветнам кафкӯбӣ намудаанд. Хидматҳои пурарзиши Ҳанифа Мавлонова дар рушду такомули санъати касбии тоҷик ва тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа ниҳоят зиёд аст. Ӯ аввалин зани тоҷик аст, ки Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийи шаҳри Москваро (солҳои 1952-1959) маҳз бо ихтисоси мусиқии академӣ хатм кардааст. Ҳанифа Мавлонова то нафақа баромадан ба сифати мудири кафедраи вокалӣ ва тайёрии операвии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст. Дар баробари фаъолият дар ин даргоҳ, ӯ рӯйи саҳна буд. Беҳтарин сурудҳои халқӣ, классикӣ ва оҳангҳои композиторони тоҷикро бо маҳорати хос сароидааст, ки то имрӯз маҳбубу маъруф мебошанд. Ҳанифа Мавлонова соли 2010, дар синни 86, ин дунёро падруд гуфт. Субҳи 26-уми октябр маросими видоъ бо ӯ дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»