Баргашт Чоп кардан

САЙЁҲӢ. СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ РӮ БА ПЕШРАФТ ДОРАД


Тоҷикистон яке аз кишварҳои зебоманзар ва дорои табиати нотакрор мебошад, ки бо иқтидору имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, байни ҷаҳонгардон маъруфияти хоссаро соҳиб гаштааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди ин соҳаи сердаромад ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба кишвар як қатор чораҳои мушаххасро амалӣ мекунад, ки дар натиҷаи он нишондиҳандаҳои соҳа сол ба сол боло мераванд.


1 МИЛЛИОНУ 784,4 ҲАЗОР САЙЁҲ ДАР ЯК СОЛ
Яке аз нишондиҳандаҳои калидие, ки сатҳ ва тамоюлҳои рушди соҳаи сайёҳиро инъикос менамояд, омори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2025 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо назардошти тамоми намудҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 2 миллиону 104,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз ин шумора 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба ҷумҳурӣ омадааст. Аз ин теъдод, 1 миллиону 634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои ИДМ ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меоянд. Бештари сайёҳон шаҳрвандони Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон ва Чин мебошанд.
Ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД кишвар тақрибан 5 дарсадро ташкил медиҳад ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.


ТАДБИРҲОИ ДАР ИН САМТ АНДЕШИДАШАВАНДА
Барои зиёд кардани шумораи сайёҳон дар кишвар, пеш аз ҳама, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амал мекунад, ки ба ҷанбаҳои гуногуни инфрасохтор, маркетинг ва сифати хидматрасониҳо тамаркуз менамояд. Тадбирҳои дар он пешбинишуда, на танҳо меҳмонони навро ҷалб мекунад, балки гурӯҳи содиқи сайёҳонро, ки ба сафарҳои такрорӣ ва таблиғи кишвар ба дӯстони худ манфиатдоранд, ташаккул медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои афзудани теъдоди сайёҳон ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2025 дар ҷумҳурӣ 367 субъекти хидматрасонии сайёҳӣ фаъолият намудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 20-то зиёд мебошад.


ТАРҒИБИ ИҚТИДОРҲОИ САЙЁҲӢ
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки яке аз василаҳои муҳими тарғиби иқтидорҳои сайёҳӣ ин иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии соҳавӣ ва кашфи бозорҳои нав мебошад. Аз оғози соли 2025 намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ ва чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ дар кишварҳои Олмон, Россия, Ӯзбекистон, Чин, Эрон, Покистон, Италия, Филиппин, Озарбойҷон, Қирғизистон, Финляндия, Британияи Кабир, Швейтсария ва Қатар иштироки фаъолона доштанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram, TikTok, Facebook ва YouTube саҳифаи алоҳида кушода шудааст, ки дар онҳо матолиби диққатҷалбкунанда аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар мунтазам нашр мешаванд.


РЕЙТИНГИ ТОҶИКИСТОН БОЛО МЕРАВАД
Маҳз натиҷаи тарғибу ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар радабандиҳои ҷаҳонӣ, тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли 2025 мавқеи намоёнро ишғол намуд.
Нашрияи бонуфузи сайёҳӣ «Lonely Planet» Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид карда, кишвари моро ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарин барои гардишгарӣ ва саёҳат дар муҳити кӯҳсор тавсия додааст.
Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи намоён қарор гирифт. Ин маълумот дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» оварда шудааст.


ХУЛОСА
Бо назардошти омор, тадбирҳои амалишуда ва эътирофи байналмилалӣ метавон гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад. Афзоиши шумораи сайёҳон, беҳтар гардидани инфрасохтор, роҳандозии хидматрасониҳои нав ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки ҷумҳурӣ барои табдил ёфтан ба яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳӣ дар минтақа иқдомҳои ҷиддӣ андешида истодааст.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эътирофи Тоҷикистон дар радабандиҳои бонуфузи байналмилалӣ далели равшани болоравии нуфузи сайёҳии кишвари азизи мо мебошад. Бо идомаи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои мақсадноки он шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда то соли 2030 бояд дую ним миллионро ташкил диҳад ва саҳми соҳа дар ММД то 8 дарсад афзоиш ёбад, метавон интизор дошт, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ боз ҳам бештар гардида, Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад.


Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»