Баргашт Чоп кардан

РӮЗА ТАНҲО БАСТАНИ ДАҲОН НЕСТ!


Моҳи шарифи Рамазон фаро расид. Мардуми тоҷик, монанди кулли мусалмонони дунё, ин моҳро бо шодмонӣ истиқбол намуда, бо рӯзадориву ибодат гиромӣ медоранд. Рамазон моҳест пур аз рамзу роз, фалсафаву фазилат ва ҳикмату маънавият.


Рӯзадорӣ танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки дурӣ ҷустан аз корҳои зишт ва суханони қабеҳ низ мебошад. Ба гуфтаи шайх Аттор ҳар узви инсон бояд рӯза бигирад:
Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯзаест,
То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор.
Яъне, ҳамаи онҳое, ки дар Рамазон аз субҳи содиқ то намози шом аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд, рӯзадори ҳақиқӣ нестанд, балки ҳамон қисмати онҳо рӯзадори ҳақиқист, ки дар пиндор, гуфтор ва рафтори худ парҳезкорӣ мекунанд. Ин нукта дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) чунин таъкид шудааст: «Рӯза танҳо худдорӣ намудан аз хӯрдану нӯшидан нест, балки он худдорӣ аз бадрафторӣ ва носазогӯйиро низ шомил мебошад. Бинобар ин, касе туро (ба вақти рӯза) дашном диҳад ва ё бар ту ҷидол намояд, бигӯ: ман рӯзадорам».
Бо вуҷуди ин, тавре мушоҳида мекунем, баъзеҳо ҳангоми рӯзадорӣ низ ғайбат мекунанд, дурӯғ мегӯянд, қасам мехӯранд, дашном медиҳанд. Яъне, рӯзадориашон аз рӯза надоштанашон ҳеҷ фарқе надорад. Дар ҳоле, ки рӯза поксозандаи руҳ аст. Ин гуна рӯзадорон аз фоидаи маънавии рӯза бехабаранд.
Таъкиди Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аст, ки мегӯяд:
Рӯза он нест, ки танҳо ту даҳон барбандӣ,
Рӯза он аст, ки аз ғайри Худо баргардӣ.
Рӯза он аст, ки софӣ шавӣ аз ҳирсу ҳасад,
Биравад аз дили ту ин сифати номардӣ.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 28-уми феврали соли 2025 чунин таъкид намуданд: «Ин моҳ арзишу ҳикматҳои зиёди сабақомӯз дорад. Яке аз онҳо парҳезгориву покӣ, ғалаба бар нафс ва худдорӣ кардан аз бадиву зишткорӣ мебошад. Парҳезгорӣ дар асл моҳияти олии инсондӯстӣ дорад. Зеро зиндагӣ кардан бо ризқи покиза, мурувват ва аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба ниёзмандон, анҷом додани дигар амалҳои хайру савоб ва даҳҳо арзиши неки ахлоқӣ дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешавад».
Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки рӯзадор дурӯғ, ғайбат, туҳмат, суханони фаҳшу лаънат ва дашномро бояд ба забон наорад. Бо атрофиён мулоим рафтор намуда, дилозорӣ накунад, ки савоби рӯзааш кам мешавад.
Дар маҷмуъ рӯза дорои фоидаҳои зиёди маънавӣ, равонӣ, ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ барои шахси рӯзадор буда, инсонро дар мактаби сабру таҳаммул ва пурбардошт будан тарбият менамояд. Рӯза, инчунин, худидоракуниро ба инсон омӯзонда, меҳрубонию дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад.
Дар ин моҳи хайру сахо ва иҷобати дуоҳо ҳар яки мо бояд шукрона аз кишвари ободу осуда намоем, ки ба шарофати хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити орому осуда ва сулҳу субот метавонем анъанаҳои миллию суннатҳои ниёгонамонро ба ҷо орем ва идҳои миллию мазҳабиамонро таҷлил намоем.


Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»