Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна, нигаронии амиқи худро баён менамояд.
Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷиабор дар минтақа таъкид мекунад.
Рамасвами аз роҳбарии Тоҷикистон дар татбиқи рушди устувор ситоиш кард
Бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ ҷиҳати баррасии афзалиятҳои Барномаи ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2027 – 2030 баргузор гардид.
Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами зикр кард, ки шарикии СММ ва Тоҷикистон дар пешрафти рушди устувор ба натиҷаҳои муҳим ноил гардидааст.
Ӯ роҳбарии қавии Ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи чорчӯбаи ҳамкории рушди устувор ва ҳамкории оянда барои солҳои 2027 – 2030 ситоиш карда, афзуд, ки чорчӯбаи нави муштараки ҳамкории рушди устувор решаҳои мустаҳкам дорад.
Мувофиқаи роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ
Дар мулоқоти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо раиси Ҷамъияти саҳомии «НК Қазоқ темир жоли» Талгат Алдибергенов дурнамои ҳамкориҳо баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳо ба муносибатҳои бисёрсолаи шарикӣ асос ёфта, ба таъмини алоқаи бефосилаи нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон равона шудааст.
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан байни ду давлат 15,1 фоиз афзуда, ба 5,9 миллион тонна расид.
Дар суҳбат ба таъсиси долонҳои самараноки нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
КӮЛОБ
Маркази логистикӣ бунёд меёбад
Марказро дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" ширкати “Samil PwC”-и Ҷумҳурии Корея месозад.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма ҷойгир мешавад, имкон медиҳад, ки ҳамчун маркази логисткии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони чандваҷҳӣ (мултимодалӣ)-и Чин – Тоҷикистон– Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия то кишварҳои Аврупо молу коло интиқол дода шавад.
ХОРУҒ
Дар маҳаллаи Тем минтақаи саноатӣ бунёд мегардад
Бо мақсади таҷлили сазовор аз Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ минтақаи саноатӣ бо ҷалби 10 корхонаи нав бунёд мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи минтақаи саноатии Хоруғ раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохтмон барои сари вақт ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
ПАНҶАКЕНТ
Дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт мешавад
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 1000 гектар картошкаи барвақтӣ, кишт хоҳад шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба МИМҲД шаҳри Панҷакент хабар додааст, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Ёрӣ нахустин шуда, ба кишти картошкаи барвақтӣ шуруъ намуданд. Онҳо имсол майдони кишти ин зироати муҳими ғизоиро ба 200 гектар мерасонанд.
ТУРСУНЗОДА
Дар шаҳр зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол шинонда хоҳад шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, дар доираи маъракаи хуррамгардонӣ, зиёда аз 500 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ва павловния шинонданд.
Дар шаҳри Турсунзода дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026), инчунин, истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар маркази шаҳр 882 бех ниҳолҳои павловния ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шуд.
МАСТЧОҲ
Корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мегардад
Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдусаттор Қурбонов дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва истеҳсоли 6 тонна равғанро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, тибқи лоиҳа, корхона давоми сол беш аз 2 ҳазор тонна равған истеҳсол хоҳад кард.