Забони суғдии нав (яғнобӣ) ба гурӯҳи шимолишарқии забонҳои нави эронӣ мансуб буда, аз сабаби он ки охирон намояндагони ин забон дар дараи Яғноби водии Зарафшон сукунат ихтиёр кардаанд, номи забон низ ба номи минтақаи Яғноб гузошта шуд. Албатта, дар атрофи номи забони суғдии нав баҳсҳо низ мавҷуданд ва онро бо номҳои яғнобӣ, суғдии яғнобӣ низ мешиносанд. Дар ибтидои асри XX аз Уйғуристон, Синзяни Чин ёфт шудани осори хаттӣ ба забони суғдӣ маълум шуд, ки забони яғнобӣ идомаи бевосита ва ё яке аз гӯишҳои забони суғдӣ будааст. Аз ин рӯ, забони яғнобиро “забони суғдии нав” ҳам меноманд.
Мавқеи забони суғдии нав дар ҳифзи вижагиҳои луғавӣ, овоӣ ва сарфиву наҳвии забонҳои эронии бостонӣ ва миёна хеле назаррас мебошад, ки аксари чунин вижагиҳо имрӯз дар дигар забонҳои эронӣ ба чашм намерасанд.
“Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи кишварамон туҳфа шуд. Яке аз ҳадафҳои ин ибтикор нигоҳ доштани забон ва ба наслҳои оянда расондани он мебошад, зеро як роҳи ҳифзи забон ин осори бадеӣ мебошад, ки кас ба воситаи хондан аз сарватҳои забони хеш огоҳ мешавад. Рӯзе аз Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал, нависандаи машҳури мисрӣ, пурсиданд: – Шумо, мисриён, бо он пешинаи дурахшони фарҳангӣ чӣ шуд, ки арабизабон шудед? Гуфт: – Мо арабизабон шудем, барои ин ки Фирдавсӣ надоштем. Фирдавсӣ бо сурудани “Шоҳнома” ба эрониён забони модарӣ, ғурури миллӣ ва ҳама чиз дод. Эрониён агар ин шоири бузургро надоштанд, дар ҳоли ҳозир мисли мо араб буданд.
Воқеан, Фирдавсии бузург тавонист, ки бо офаридани чунин асар дар пойдормонӣ ва густариши забони тоҷикӣ саҳми арзанда гузорад. Зиёд будани калимаҳои аслии тоҷикӣ дар “Шоҳнома” яке аз вижагиҳои хоси он мебошад, зеро теъдоди калимаҳои аз дигар забон воридшуда (иқтибосӣ) дар “Шоҳнома” хеле кам ба назар мерасанд. Бархе аз вожаҳоеро метавон дар “Шоҳнома” мушоҳида кард, ки имрӯз ҳам маҳфуз мондаанд. Чунин навъи калимаҳо дар забони суғдии нав хеле зиёд аст, ки таҳқиқи фарохеро мехоҳад ва мо хостем бархе аз онҳоро мухтасар нишон диҳем.
Вожаи эдун ба маънои “ҳоло”, “акнун”, “инчунин”, “ҳамчунин”, “ба ин тариқ” дар “Шоҳнома” хеле зиёд ба чашм мерасад:
Гар эдун ки донед ман кардам ин,
Маро хонд бояд ҷаҳонофарин!
Ҳам эдун ба Заҳҳок бинҳод рӯй,
Набудаш ҷуз аз офарин гуфтугӯй.
Дар забони суғдии нав ин вожа дар шаклҳои итун/итон ва атун ба маънои “акнун”, “ҳоло” мустаъмал аст: ғамтун акишом, итун яв кишимишт (гандмуро коридем, ана акнун ҷав мекорем).
Калимаи хӯд ба маънои “кулоҳи ҷангӣ” дар “Шоҳнома” хеле фаровон истифода шудааст:
Ба фарри кайӣ нарм кард оҳано,
Чу хӯду зиреҳ карду чун ҷавшано.
Фирдавсии бузург тавонистааст, ки тавассути вожаи “хӯд” калимаи дигар низ созад:
Бизад гурз бар тарги
Руҳҳоми гурд,
Кулоҳхӯди ӯ гашт з-он захм хурд.
Имрӯз дар забони адабӣ калимаи хӯд аз истеъмол берун монда дар забони суғдии нав ба маънои як навъи “кулоҳи мардона – тоқӣ” маҳфуз мондааст.
Калимаи кадхудо “сардори деҳа, арбоб, калонтари деҳа, марди зандор, хонадор” дар “Шоҳнома” зиёд истифода гардидааст, ки имрӯз дар забони адабӣ он аз байн рафтааст:
Гар ин гуфтаи ман ту орӣ ба ҷой,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке кадхудой!
Биҷастанд хуршедрӯён зи ҷой
Аз он ғулғули номвар кадхудой.
Калимаи кадхудо аз ду ҷузъ “кад – хона, манзил” ва Худо “соҳиб, сарвар” иборат буда, имрӯз дар забони суғдии нав ҷузъи кад дар шакли кат “хона” истифода мешавад: “Иш кат ман хиритахой – ин хонаро ман харида будам”.
Аз таҳлили маводи дарихтиёрбуда маълум мешавад, ки яке аз омили маъруфияти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин аз сарватҳои забони хеш огоҳ будани шоир аст. Мавсуф тавонистааст, ки вожаҳои ноби ориёиаслро хеле фаровон истифода намуда, барои шинохт ва ҳифозати ин калимаҳо саҳм гузорад.
Рамазон САМАДЗОДА, номзади илмҳои филология, муовини директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод