Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар солҳои охир тамоюли афзоишро нишон медиҳанд. То имрӯз дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Ин пешрафтҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати устувори иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ самаранок мебошад.
Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ як қатор лоиҳаҳои саноатӣ ва соҳибкорӣ роҳандозӣ шуданд. Танҳо соли гузашта дар ноҳия панҷ корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар натиҷа, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт ва сатҳи бекорӣ дар ноҳия коҳиш ёфт.
Тибқи иттилои масъулин, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 773 миллиону 946,3 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда шаҳодати рушди босуръати саноат ва ҷалби сармояи дохилӣ мебошад.
Айни замон дар ноҳия ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 9,2 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад, ки то имрӯз 6,8 миллион доллар аз худ шудааст. Ин лоиҳаҳо ба рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави кор равона шудаанд ва барои устувории иқтисоди маҳаллӣ нақши муҳиме доранд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2021 – 2025-ум 141 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо 315,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз 138 лоиҳа, ба маблағи 258,2 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки ноҳия ба сӯйи рушди иқтисодӣ ва беҳбудии иҷтимоӣ устуворона пеш меравад ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”