Баргашт Чоп кардан

НУҚТА БА ЯК БАҲС. «ҲОҶӢ» ВА «МУЪТАМИР» АМАЛАНД НА УНВОН!


ОЁ АГАР КАСЕ УМРА КУНАД, ҲОҶӢ ШУМУРДА МЕШАВАД?
Ба ин савол, ки чанд соли охир баҳси гарм дар пай дорад, ҳарчанд даҳҳо нафар аз исломшиносони воқеӣ посухҳои ростин додаанд, бархе дар хурофот ғӯтидаҳо ҳанӯз гӯши шунаво дар ихтиёр надоранд. Баръакс, назди онҳое, ки барои чанд рӯз сафари умра анҷом медиҳанд, чорқад шудаву «ҳоҷӣ»-яшон мақом медиҳанд. Чун азон дар гӯши кар андешаи дигари ҷолиб ва хеле оммафаҳмеро манзур мегардонем, то хонанда аз асл дар ғафлат набошад:
– Аслан, ҳоҷӣ калимаест, ки мо онро дар замони гузашта, яъне дар замони саҳоба надоштем. Дар худи садри ислом ҳам чунин расм набуд. Мо ҳеҷ нашунидаем, ки гӯянд ҳоҷӣ Абуҳанифа, ҳоҷӣ Шофеҳӣ ё ҳоҷӣ Аҳмад ибни Ҳамбал. Имрӯз марсум аст, ки ҳар касе ҳаҷ рафт, гумон мекунад бояд ҳатман ҳоҷӣ унвон дошта бошад. Агар ҳоҷӣ гуфтан бо мақсади риё бошад, қатъан ҷоиз нест. Яъне, як нафар ба он хотир азми хонаи Худо кунад, ки баъд аз бозгашт ба ӯ ҳоҷӣ гуфта муроҷиат намоянд, худнамоие беш нест.
Дар асл, ҳоҷӣ онеро мегӯянд, ки дар ҳоли анҷом додани ҳаҷ аст. Ба ибораи дигар ҳоҷӣ, яъне ҳаҷкунанда. Ба ҳамин монанд шахсеро, ки сафари умра дорад муътамир, яъне умракунанда мегӯянд, на ҳоҷӣ. Яъне, ду гурӯҳи зиёраткунандагонанд. Онҳое, ки аҳром пӯшида, дар ҳоли иҷрои ҳаҷанд, ҳоҷӣ номида мешаванд ва онҳое, ки сафари умра доранд, муътамир ном доранд. Ва ҳар ду ҳам баъд аз адои зиёрат дигар на ҳоҷиянд на муътамир, ҳамон мусалмоне ҳастанд, ки буданд.


Мавлоно Абдулқудуси Деҳқон, коршиноси улуми исломӣ