Баргашт Чоп кардан

ЗАФАРБЕК ДАВЛАТЗОДА: «74 ДАРСАДИ ОБРАСОНИИ ЗАМИНҲО БА СИСТЕМАИ БИЛЛИНГӢ ВОРИД ГАРДИД»

– Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, барои расидан ба амнияти озуқаворӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар деҳот ва, дар ин замина, равнақ бахшидани комплекси агросаноатӣ мусоидат менамояд. Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа аз худ намудани заминҳои нав мебошад, – гуфт дар оғози суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода.

Ӯ афзуд, ки соли равон Агентӣ ба нақша гирифтааст, ки ҳаққи хидмати обрасонӣ пурра тавассути системаи биллингӣ пардохт шавад. Системаи биллингӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан дар соҳаи обёрӣ, барои ба танзим даровардани пардохти ҳаққи хидматрасонии об, осон кардани ҷамъоварии маблағ аз хоҷагиҳо ва шаффофгардонии кори ассотсиатсияҳо истифода мешавад ва барои беҳтар идора кардани захираҳои обу ҷамъоварии маблағ баҳри нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ муҳим аст.
Аллакай, дар ҷумҳурӣ 383,7 ҳазор гектар (74 дарсад) замин ба системаи биллингӣ ворид шуда, 220,4 ҳазор истифодабаранда бо ID-код таъмин гашт. Пардохти ҳаққи хидмати обрасонӣ ба таври низоми биллингӣ қариб 63,4 миллион сомониро ташкил кард. Раванди татбиқи системаи биллингӣ корҳои назаррас, аз ҷумла беҳтар намудани назорати истифода, тақсимоти об бо роҳи барқарории дарвозаҳои обтақсимкунӣ, сохтмони обченкунакҳо дар сарҳади об, таъмини ассотсиатсияҳои истифодабарандаҳои об бо обченкунакҳо барои истифодаи оқилонаи оби полизӣ ва дигар масъалаҳоро ба танзим медарорад.
Агентӣ мақсад дорад, ки имсол таъмини муътадили обро ба истифодабарандагон ба роҳ монад. Инчунин, азхудкунии 2820 гектар замини нав, барқарорсозии 1119 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 18075 гектар замини корами обӣ, гузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 31497 метр бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва эмин нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ низ дар назар аст.


АЗ ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ТО БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ВОРИД ГАШТАНИ 655 ГЕКТАР ЗАМИН
Дар чор-панҷ соли охир таъмин бо оби полизӣ аз ҳисоби насби таҷҳизоти ҳозиразамону таъмиру навсозии дастгоҳи иншооти обёрӣ беҳтар гашт. Тибқи нақшаи Барномаи сармоягузорӣ бо таҷҳизотҳои муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 ба 28 пойгоҳи обкашӣ ба маблағи беш аз 252,3 миллион сомонӣ таҷҳизоти каммасрафи барқӣ харида шуд. Ҳоло дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ бо арзиши беш аз 2,2 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад. Соли рафта дар доираи барномаҳо ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 12 842 гектар замин беҳтар гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1426,8 гектар замини нав аз худ шуда, 1796 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Ҳоло дар назди Агентӣ се лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 135,6 миллион доллари ИМА татбиқ мешавад.
– Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда заминҳои кишоварзие, ки қаблан бе об буданд, то имрӯз 655 гектари он бо об таъмин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гашт. Бо назардошти вазъи мавҷуда ва аҳамияти стратегии пойгоҳҳои обкашӣ дар рушди соҳа, супориш гирифтем, ки то охири соли равон пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкашии фаъолият намекардаро бо ҷалби шарикони рушд, соҳибкорон, сармоягузорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ марҳала ба марҳала барқарор созем, – гуфт З. Давлатзода.


ҲАҚҚИ ХИДМАТИ ОБРАСОНӢ САРИ ВАҚТ ВА ПУРРА ПАРДОХТ НАМЕГАРДАД
Аз тарафи истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи беш аз 83,7 миллион сомонӣ ё ин ки ба андозаи 46 дарсади арзиши оби додашуда ҳаққи хидмати обрасонӣ пардохт шуд, ки назар ба соли пешӣ бештар мебошад. Директори Агентӣ ба ин нукта ишора кард:

– Яке аз мушкилии соҳа аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ сари вақт ва пурра пардохт нашудани хароҷоти хидматрасонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати таъмини истифодабарандаҳо бо об пурра иҷро намудаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзҳои ҳамаи намуди андозҳо гардидааст. Бақияи қарздорӣ аз ҳисоби пардохт нашудани хидмати обрасонӣ, бо назардошти солҳои пеш, 388,2 миллион сомонӣ мебошад. Сабабҳои дигари афзудани қарздории идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ паст будани тарифи ҳаққи хидмати обрасонӣ ва болоравии нархи неруи барқ аст. Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ҶСК «Барқи тоҷик» дар соли рафта ба 272,3 миллион сомонӣ расид.

ХОҶАГИҲО БОЯД МУТТАҲИД ШАВАНД
Кишоварзони аксари шаҳру ноҳияҳо тақсимоти нобаробари обро низ мушкилии дигари соҳа медонанд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар қисми охири каналҳоянд, бештар дучори камобию талаф додани зироатҳояшон мегарданд. Дар ин маврид печидагии кор миёни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идораҳои беҳдошти замину обёрии шаҳру ноҳияҳо сардаргумии зиёдро ба бор меорад, зеро бархе аз роҳбарони ассотсиатсияҳо мутахассиси соҳа нестанду тақсимоти дурусти обро сарфаҳм намераванд. Роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ин проблема огоҳанд ва чунин мешуморанд, ки баробари таъмини ассотсиатсияҳо бо мутахассисон муттаҳидсозии онҳо тибқи ислоҳоти соҳаи об ва гузаштан ба идоракунии ҷуғрофӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Фарзи мисол, майдони хидматрасонии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об агар аз 1000 то 5000 гектар заминро дар бар гирад, дар қатори бартариятҳои дигар, дастрасӣ ба об ҳам беҳтар мегардад. Ин таҷрибаи санҷидашуда дар давлатҳои хориҷа самараи хуб ба бор овардааст.
Зафарбек Давлатзода изҳор дошт, ки оид ба танзим ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ҷиҳати устувор намудани фаъолияти он Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ҳоло 242 ассотсиатсияи истифодабарандаи об фаъолият менамояд, ки ба 500,2 ҳазор гектар замини обёришавандаи ҷумҳурӣ хидмат мерасонад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин, сохторҳои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои фароҳамбуда, вазифаҳои дар наздашон гузоштаро сари вақт иҷро намуда, дар амалисозии сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоранд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»