Боздиди Сарвазир аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҳолати обгардонҳои соҳили дарёи Панҷ боздид намуданд.
Соҳили дарё дар ҳудуди ноҳия 25 километрро ташкил медиҳад. Бо мақсади пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ марҳала ба марҳала амалӣ карда мешаванд. Тибқи иттилоъ, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 10522 тахтасанги оҳану бетонӣ омода гардидааст.
ВАРЗОБ
Бо иштироки муовини Сарвазир беш аз 700 бех ниҳол шинонда шуд
Барои дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб беш аз 700 бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан шинонда шуд.
Муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, ки дар ҳашар ширкат дошт, иброз намуд, нигоҳубин ва обёрии дурусти ниҳолҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои таъмини нашъунамои босифати онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.
ДУШАНБЕ
Бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ доир гашт
Ҳамоиш бо ташаббуси раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зан-Модар – пайвандгари наслҳо» сурат гирифт.
Иброз гардид, ки модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳӣ барои фарзанд буда, рисолати пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳувияти миллиро дорад.
Гуфта шуд, ки модарону хоҳарон ҳамчун сокини пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгирию ҷонибдорӣ карда, дар амалӣ сохтани корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Фестивал-намоиши либоси миллӣ таҳти унвони “Илҳом аз “Шоҳнома”
1-уми март дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Илҳом аз “Шоҳнома” фестивал – намоиши либосҳои миллӣ доир гашт.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории фестивал муаррифии фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба адабиёт, таърих ва тарғиби ҳунарҳои бадеию миллӣ буда, ба ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба таърих, фарҳангу урфу одатҳои миллӣ, тарғиби либосҳои миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастии ҷавонону наврасон мусоидат менамояд.
Дар чорабинӣ тарроҳони кишвар маҳсули ҳунарашонро ба намоиш гузоштанд.
ХУҶАНД
Баррасии рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» баргузор гашт.
Зикр гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръат, ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуданд. Сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир, васеъ кардани самтҳои истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардидааст. Татбиқи стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, “иқтисоди сабз” ва рушди иқтисоди рақамӣ, барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад.