Баргашт Чоп кардан

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ


Дар деҳаҳои дурдаст омӯзгор, бахусус роҳбари ин ё он муассисаи таълимӣ будан, ҳам шараф аст ва ҳам масъулият, зеро шумо қариб ҳама рӯз ҳатто дар рӯзҳои истироҳат низ дар байни мардум ҳастед, ҷиддият ва ахлоқ бароятон хатҳои сурх ҳастанд. Эҳсос мекунед, ки дар ҳама чорабиниҳо, базму сур ва мотам ҳам пиру ҷавон шуморо менигаранд ва дар симои шумо намунаи ибрат меҷӯянд.
Яке аз чунин омӯзгорони бомасъулият ва ба пешаи хеш босадоқат аз деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич Исматулло Раҷабов мебошанд. Ин фидоии маориф ҳанӯз дар соли 1980 фаъолияти кории худро ҳамчун омӯзгори риёзӣ оғоз намуд. Дар он солҳо омӯзгорони варзидаву кордидаи ягона боргоҳи таълимии русто - МТМУ №10 ҳанӯз барҳаёт буданд. Исматулло Раҷабов аз таҷрибаву малакаҳои онҳо то қадри имкон сабақҳо меомӯхт ва мағзи худро барои оянда обутоб медод.
Дар оғози солҳои навадуми асри рафта, маорифи ноҳияи Деваштич ба мутахассисони ҷавон ниёзманд шуд. Ин аст, ки ӯро соли 1991 мушовири фанни математикаи шуъбаи маорифи ноҳия таъин намуданд.
Дар он солҳои ноором ҷонишини директор дар самтҳои таълиму тарбия буд. Шуруъ аз соли 2000-ум сарвари МТМУ №46 таъин гардид. Баъди чор соли роҳбарӣ ба корҳои ҳизбӣ ҷалб шуд ва ҳатто чор сол раисии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичро бар дӯш дошт.
Бо вуҷуди ин, муҳаббати коғазу қалам, синфхона, бӯру тахатаи синф ва меҳру эҳтироми беолоиши хонандагон ӯро боз ба канори муассисаи таълимӣ овард. Баъди машғул шудан бо омӯзиши риёзӣ ва технологияи информатсионӣ дар МТМУ №10 соли 2011 директори муассисаи мазкур гардид.
Ҳамин тариқ, то соли 2023 сарвари муассиса буд. Дар кори роҳбарӣ аз сабақҳои сиёсие, ки дар ҳизб гирифта буд, дуруст ва бомаврид истифода мебурд. Медонист, ки маориф дар сиёсати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авлавият дорад.
Дар давоми дувоздаҳ соли роҳбарӣ ҳазорон шогирдонро боли парвоз бахшида, барои сохтани ояндаи рӯшан барояшон ёрмандиҳои бедареғ расонд. Дар натиҷаи солҳои дарози садоқатмандӣ ба касби хеш соҳиби эҳтиром шуд ва бо иззат аҳли зиёи ноҳия ӯро дар ғойибу ҳозир “муллим Раҷабов” мегӯянд. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бояд гуфт, ки хонаводаи Исматулло Раҷабов аҳли маориф аст. Ҳамсари ӯ низ омӯзгори забони англисӣ буда, ҳама фарзандон ва арусони хонавода соҳиби маълумоти олиянд. Ин оилаи соҳибиззатро дар деҳа ва ноҳия ҳамчун садоқатпешагони кори маориф мешиносанд ва ба ранҷҳояшон эҳтиром мегузоранд.


Ҳилола НОРОВА,
омӯзгори МТМУ №10,
ноҳияи Деваштич