Дар оғӯши ҷонафзои модарҷонам ҳама дарду ранҷ, ғаму ғусса ва ранҷҳои зиндагиро фаромӯш мекунам ва ба даргоҳи Худованди карим ҳазорон бор шукр мегӯям, ки модаракамро сиҳату саломат дидам.
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад, ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст: “Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид”.
Боре ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ Низорамоҳ Зарифоваи садсола зимни суҳбат нақл кард: “Баъди Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ аз ноҳияи Данғара мегузаштем. Хостам сари роҳ аз аҳволи модари Сарвари муаззами миллат хабар гирам. Модари азиз шикоят карда, гуфтанд: "Бачаамро бурданд, фарзандамро аз ман гирифтанд. Бачаамро эҳтиёт кунед".
Ҳарчанд ба холаи Майрамбӣ (равонашон шод бод!) мефаҳмондам: “Писаратонро ҳеҷ куҷо набурдаанд, ҳоло ӯ Роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шудааст, қалбашон ором намегирифт. Аз симояшон маълум буд, ки эшон ҳеҷ гоҳ дуриро аз фарзанди худ таҳаммул кардан намехоҳанд”...
Оре, модар - модар аст ва барои ӯ муҳим нест, ки фарзандаш дар кадом маснаду мақом аст, муҳим он, ки ҳамеша сиҳату саломат ва дар наздаш бошад. Ба ин хотир, дар ҳама суханрониву мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз модар сухан гуфта, эҳтирому эъзози модар, қадршиносии ӯро таъкиду такрор мекунанд.
Ҳикоят мекунанд, ки модаре фарзандашро ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ гусел карда, беш аз 40 сол чашм ба роҳи омадани ӯ будааст. Ба номаи сегӯша (хатти сиёҳ), ки хабар аз маргаш медод, ҳеҷ бовар накарда, шабҳо дарвозаро кушода мемонд, ки мабодо ӯ биёяду онро боз набинаду ранҷ бибарад.
Номаҳои аз майдони ҷанг фиристодаи писарашро гаштаву баргашта мехонд ва чун нури чашмонаш кам шуданд, аз дигарон хоҳиш мекард, ки онҳоро барояш бихонанд.
Агар дар деҳа ҷавоне аз олам дармегузашт, он номаҳоро бо худ мебурду дар назди мотамдорон мехонд, мегиристу нола сар медод ва замоне дарёфт, ки маргаш фаро мерасад, васият намуд, то бо он номаҳо ӯро бигӯронанд. Ҷойи гузоштани номаҳоро низ, муайян кард: болои ҷигараш.
Ба қавли бузургон устувортар аз ҳама пайвандҳо пайванде аст, ки дар миёни модару фарзанд барқарор аст, зеро дар танҳоӣ ҳам танҳо нестем, чун нигоҳи модар бо мост. Марг ҳам нигоҳи ӯро аз мо намегирад.
Ривоят мекунанд, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир ба маҳалла баромад ва баъд аз чанде ба хона шир гирифта омад. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.
Ба монанди ин қисса мекунанд, ки боре ҳокими вақт Ибни Ҳубайра, Имом Абуҳанифаро барои қозӣ шудан даъват намуд ва ӯ ин пешниҳодро қабул накард. Бар асари он Имом Абуҳанифаро шаллоқ заданд. Модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Он вақт Имом Абуҳанифа гуфта буд: “Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин, ки модарам аз дидани ин манзара ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам”.
Модар ҳамеша интизори роҳи фарзанд аст ва ба қавли шоир, ки фармуда:
Шабонгаҳ фориғи рӯзи гузашта
Чу бикшоям китобу дафтарамро,
Зи байни сатрҳо бинам пур аз ашк
Нигоҳи интизори модарамро.
Субҳ ё шоме модару кӯдакеро даст ба даст бубинам, дилам гул мекунад, дар чеҳраам табассум мешукуфад. Ба дил мегӯям, ки чи хуш буд айёми беғамии кӯдакӣ, дасти модар ба кас дунёи дигар доштам. Ҳоло ҳар лаҳза дастонамро бе дастони ӯ беҷону хаста дармеёбам, зиндагӣ ба ин дастони мо ҷабрҳо раво дид, фармуд, ки ризқ бичинед, тифлаконатонро сари даст гиред, ранҷ баред. Кошки метавонистем, ки ҳаргиз даст аз дасти модар нагирем, аммо қонунҳои ҳазорсолаи рӯзгор имкон намедиҳанд. Ин шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло манзараи зебоеро чун оина равшан мебинем:
Гар зи ман пурсанд, чист
Беҳтарин манзар дар ин дунё, ки дорӣ дӯст?
Оҳ хоҳам гуфт:
Модару тифле, ки дасти ҳам гирифта,
Дар булӯри ҳолаи нури муҳаббат раҳсипоранд,
Модару тифле, ки бо ҳар як қадам, бо ҳар нафас
Дар заминҳо ишқ мекоранд...
Дилрабои АЪЗАМ,
рӯзноманигор