Баргашт Чоп кардан

ВАТАН РОЗӢ, ПАДАРУ МОДАР РОЗӢ


(лавҳа)
... Барф ягон-ягон меборид. Шамол, ки аз тарафи муқобил мевазид, барфрезаҳоро ба рӯйамон мезад. Рухсораҳои таршудаамон аз хунукӣ ва бархӯрд бо барфрезаҳо сӯзиш мекарданд. Аммо мо ба пеш ҳаракат мекардем. Ман ва ҳамхизматонам дар тан либоси низомӣ масъулияти ҳифзи марзи Ватанро бар дӯш доштем. Ин вазифаи муқаддас барфу борон, гармиву сардӣ, пастиву баландӣ ва мушкилотро намеписандад. Ба ҳар гуна мушкилоти пешомада ҳамеша чусту чолокӣ, ҳушёриву зиракӣ, далериву шуҷоат ва қаҳрамониву сабуриро муқобил бояд гузошт. Чунин аст қонуни ҳаёт ва дар хизмати ҳарбӣ ин қонун даҳчанд ҷиддӣ ва муҳим мебошад.
Ману ҳамхизматонамро дар чунин лаҳзаҳо ҳамеша дӯсти вафодору ҳушёрамон – Хайбар, саги бӯйгир, ҳамроҳӣ мекунад. Он рӯз ҳам Хайбар ба ҳайати сарбозон, ки барои санҷиши вазъият дар марз, қад-қадди хатти сарҳад мерафтанд, ҳамроҳ шуда буд. Медавид, чанд қадам аз ҳайат пеш мегузашт, ба тарафи дарё, ки хатти марзи кишварро муайян менамуд, нигоҳ мекард, бӯй мекашид ва боз дум ликонда, назди мо – сарбозон бармегашт. Ногаҳон мушоҳида кардем, ки рафтори саг якбора дигар шуд. Ҳаракатҳояш тез беқарор буду, беист аккос мезад. Ҳис карда мешуд, ки Хайбар зоҳиран моро аз хатаре огоҳ карданӣ аст. Мо ҳоло сабаби дигар шудани ҳаракатҳои сагро дуруст дарк накарда будем, ки тариқи ратсия бонги хатар зада шуд. Алоқачӣ хабар дод, ки 500-600 метр поёнтар аз мо панҷ нафари номаълум сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба хоки мо гузаштаанд. Онҳо дар минтақаи болотар аз шоҳроҳ, дар байни буттаҳо пинҳон шуда, зоҳиран чизе ё касеро интизоранд.
Роҳбари ҳайат супориш дод, ки ҳушёр бошем, зеро ин нафарон шояд қочоқбарон бошанд, ки барои интиқоли маводи мухаддир сарҳадро убур карда, акнун интизори омадани ҳаммаслакони худ аз кишвари мо ҳастанд. “Бешубҳа, онҳо мусаллаҳанд!”, – таъкид кард командир.
Бо мақсади паст кардани эҳтимолияти талафот зуд чораандешӣ карда шуд. Фурсатамон хеле кам буд, зеро ҳар замон шарикони қочоқчиён аз тарафи мо пайдо шуда, онҳо тибқи нақшаашон савдояшонро анҷом дода, бемалол боз дарёро убур карда, ба мулкашон бармегаштанд ва мо дигар барои дастгир карданашон коре карда наметавонистем. Бинобар ин, бо супориши роҳбари гурӯҳ чолокона ба ҷониби мавқеи душман роҳ гирифтем. Хайбар ҳам дигар аккос намезад. Зоҳиран, ӯ фаҳмид, ки мо аз хатари пешомада огоҳ шудем. Хайбар пеш-пеши мо медавид ва боз истода, ба тарафе, ки душман қарор гирифта буд, нигоҳ мекард. Дар наздикии буттазор супориш шуд, ки худро аз тарафи кӯҳ гирем, то ки қочоқбарон моро набинанд. Дар масофаи 100 метр дуртар аз мавқеи эҳтимолии марзшиканон супориш шуд, ки ҳайат бояд ба се гурӯҳ тақсим шавад. 2 нафар ба тарафи соҳили дарё, 2 нафар ба тарафи кӯҳ ва 2 нафари дигар ба тарафи мавқеи қочоқбарон ҳаракат кардем. Ба ҷойҳоямон расида, мавқеъҳои ҷангиро ишғол карда, дар ҳолати омодабош қарор гирифта, интизори супориши навбатӣ шудем. Хайбар бо мо – ду нафар дар соҳили дарёи Панҷ, дар хатти марзи давлатӣ камин гирифт. Қочоқбарони муҳосирашуда вақти фирор бояд аз ҳамин ҷо мегузаштанд. Ниҳоят, садои командир, капитани ҷавон аз паси хоросангҳо баланд шуд: “Амалиёт!” Сонияе эҳсосот тамоми вуҷудамро фаро гирифт, вале зуд худро ба даст гирифтам. Хайбар гӯшҳояшро сих карда, омодаи ҳуҷум буд. Ману рафиқам – Солеҳ, ки зодаи ноҳияи Исфара буда, соли дуюм дар ҳамин қисми ҳарбӣ хизмат мекард, ба тарафи мавқеи қочоқбарон гавак кашидем. Қочоқбарон, ки бо шарикони худ машғули додугирифт буданд, аз наздик шудани сарбозон бехабар монданд. Онҳо саросема шуданд, бинобар ин, чандон муқобилат нишон дода натавонистанд. Мо – шаш нафар сарбози ҷавони тоҷик тавонистем дар ин амалиёти ногаҳонӣ 5 қочоқбари афғон ва 3 шарики онҳо аз кишварамонро даступо баста, ба қисми ҳарбӣ биёрем. Дар қисми ҳарбӣ тамоми сарбозон ҷамъ омада, тафсилоти ҳодисаро пурсон шуданд. Хайбар ҳам дар қатори мо қарор гирифта буд. Вай он рӯз аз пойи қочоқчии бузбалаи афғон, ки мехост фирор кунад, қапида, ӯро ба тарафи шоҳроҳ кашола карда оварда буд. Бо кумаки Хайбар ман тавонистам дастони қочоқчиро завлон занам. Бинобар ин, ҳар вақте ки ҳангоми нақламон номи Хайбарро мегирифтем, ӯ бо як ифтихор гӯшҳояшро сих карда, думашро меликонд.
Баъди ин ҳодиса ба ман даҳ рӯз рухсатӣ доданд. Ба хона, пеши падару модарам, ки хеле пазмонашон шуда будам, омадам. Баъди рухсатӣ ба қисми ҳарбӣ баргаштам, аммо Хайбар – дӯсти бовафоям дар ҳудуди қисми ҳарбӣ набуд. Ҳамхизматон хабар доданд, ки Хайбар дар як амалиёти дигар барои безараргардонии террористоне, ки марзи Ватанамонро убур карда, мехостанд, дар деҳоти наздисарҳадӣ мардумро азоб диҳанд, корнамоии бемисле нишон додааст. Ӯ, вақте ки як террорист мехост ба тарафи командир тир кушояд, давида аз дасташ меқапад ва намегузорад, ки тираш ба нишон расад. Мутаассифона, террорист аз соқи мӯзааш корди дудама бароварда, Хайбарро сахт захмдор мекунад. Террористон шикаст хӯрда, безарар карда шуданд, вале Хайбар аз қисми тиббӣ дигар ба дидбонгоҳ барнагашт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”