Баргашт Чоп кардан

НИҲОЛПАРВАРӢ. САҲМИ ХОҶАГИИ МАХСУС ДАР КАБУДИЗОРКУНИИ КИШВАР


Як гурӯҳи рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар доираи маҳфили экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хоҷагии ниҳолпарварии Кумита дар шаҳри Ваҳдат боздид намудем.
Сардори хоҷагии ниҳолпарварӣ Шокиралӣ Хоҷаев иттилоъ дод, ки дар хоҷагӣ 18 намуди дарахти сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда парвариш меёбад. Айни замон шумораи умумии ниҳолҳо ба 25 ҳазор бех расида, нигоҳубини онҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Хоҷагии мазкур дар масоҳати 5 гектар ташкил гардида, дар баробари ниҳолҳои маҳаллӣ, инчунин, ниҳолҳои аз хориҷи кишвар воридшуда, ки ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда шудаанд, парвариш меёбанд. Ба гуфтаи масъулон, дар оянда зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва гуногуннавъии ниҳолҳо дар назар аст.
Хоҷагии ниҳолпарварӣ дар ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Ваҳдат ва минтақаҳои атроф нақши муҳим дошта, ниҳолҳои парваришёфта барои боғдорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сабзкорӣ истифода мешаванд. Ҳамзамон, қарор аст, ки парвариши гулу буттаҳои ороишӣ низ ба роҳ монда шавад.
Бояд зикр намуд, ки хоҷагии ниҳолпарварӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 таъсис ёфтааст. Ин иқдом дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ то соли 2040 амалӣ гардида, ба гул-гулшукуфӣ ва рушди устувори муҳити зисти кишвар мусоидат менамояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»