ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ПУШТИБОНИИ ТАЪРИХ ТО ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Албатта, тамоми нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муҳиму омӯзанда ва дорои аҳамияти илмиву иқтисодиянд. Вале муждаи таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дорои моҳияти фаромиллӣ аст. Ин мужда барои ин ҷониб хеле арзишманд, хеле азиз аст. Тақрибан 35 сол дар бораи ҷуғрофиё ва фарҳанги ориёиҳо ранҷ кашидем ва ин мужда руҳу равони ориёии маро эҳё кард.
Дар ин мавзуъ иқдоми Пешвои миллат ҳанӯз соли 2006 бо эълон намудани Соли тамаддуни ориёӣ ба амал омада буд. Роҳбари давлат дар ин муддат як силсила асарҳои таърихӣ эҷод карданд, ки ба ҳамагон маълуманд. Ва инак, боз ҳам бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар доираи бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар Паёми навин як силсила дастурҳо ироа гардид, ки имрӯз хеле саривақтианд. Пешвои миллат бедор намудани хотираи таърихиро дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон ва хосса ҷавонон бисёр муҳим арзёбӣ кардаанд.
Бунёди 150 иншооти соҳаи фарҳанг, ҷараён гирифтани сохтмони бинои Театри миллӣ, эҳдои 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим, қабули қатънома ҷиҳати эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ”, бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ ва як силсила тадбирҳои фарҳангӣ, ки Пешвои миллат ном бурданд, муждагониҳои фарҳангии Паём буданд. Аммо дастури Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз аз бузургтарин рӯйдодҳои даврони истиқлол буд. Пешвои миллат ҳамеша пешоҳанги ибтикороту ташаббусҳои ватандӯстона дар бахши арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург ва рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ ҳастанд.
Бале, агар мехоҳем, ки наслҳои оянда хотираи моро пос доранду қадршиносӣ кунанд, нахуст мо бояд хотираи ниёгонро пос дорему қадрдонӣ кунем. Ҳар чиз ба асли худ баргарданда аст. Мо бояд рисолати фарҳангсолории худро эҳё созем, ворисони бунёдгузори тамаддунҳои куҳан будани худро собит намоем.
Бояд гуфт, ки дар бисёр кишварҳо равшанфикрону олимон сарварони давлатҳояшонро барои чораандешӣ нисбат ба арҷгузорӣ ё муҳофизати рӯйдодҳову арзишҳои илмиву фарҳангии кишварашон даъват мекунанд, аммо дар кишвари мо баръакс, Роҳбари давлат равшанфикрону олимонро ба арҷгузориву муҳофизати арзишҳои таърихиву фарҳангӣ даъват мекунанд, худ намунаи ибрат мешаванд.
Бешубҳа, арзишмандтарин қадршиносие, ки дар ҳаққи ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-аш дар тайи ҳазор соли баъди эҷодаш шудааст, нашр ва эҳдои ин шоҳасар аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар як хонавода мебошад, ки бо фарогирии моҳият, ҳувиятбарангезӣ, зеҳниятсозӣ рӯйдоди беназир ба шумор меравад.
Эҳдои нахустин нусхаҳои “Шоҳнома”-и Пешвои миллат ҳамҷоя бо сафарашон аз ноҳияҳои кӯҳистонии Бадахшону Рашт оғоз ёфт, ки кӯҳҳову манзараҳои ин диёр дар “Авасто”-ву “Шоҳнома” тасвир ёфтаанд. Дар Раштонзамин эҳдои ин китоб ба сафари Пешвои миллат ва тақдими калиди хонаҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зиндагӣ ба онҳое, ки хонаҳояшон бар асари заминҷубии 13-уми апрели соли 2025 зарар дида буд, баробар омад. Басо рамзӣ буд, ки Пешвои миллат ба сокинони шукргузор калиди хонаҳои истиқоматӣ ва ҳамзамон аз номи ӯ ба тамоми сокинони водӣ калиди Кохи хираду маърифат – “Шоҳнома”-ро тақдим мекарданд.
Ҳаким Фирдавсӣ на танҳо нобиғаи шеъру ҳамосаи ориёиён аст, ӯ нобиғаи тамоми башарият аст. Ӯ бо неруи фавқулодаи равониву ҷисмонӣ, меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба таърихи халқу кишвар, таманнои саршори хидмат кардан барои пойдории шарофати инсонӣ тамоми умри худро сарф кард. Тақрибан дар он муддати сӣ-сиву панҷ соле, ки ҳаким Фирдавсӣ сарфи эҷоди “Шоҳнома” кард, Пешвои миллат ҳамин қадар солро ба бунёди Шоҳномаи навин – Тоҷикистон сарф кард.
Ҳадяи Пешвои миллат – “Шоҳнома”, азизтарин ҳадяи ҳар хонадони тоҷик аст. Инҷониб, масалан, дар ҳеҷ асаре нахондаам ва нашунидаам, ки дар ҳеҷ давру замоне, дар ҳеҷ кишваре, шоҳе, сарвари давлате, сарватманде барои тамоми аҳли кишвараш ёдгорие тақдим карда бошад. Халқи тоҷик дар таърих ягона миллатест, ки аз номи Президенти худ, Пешвои худ асарҳои арзишманди “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”-ро ҳамчун ҳадяи пурарзиш соҳиб шудааст. Чунин бахти баланд насиби ҳеҷ як халқи дигари дунё нагардидааст.
Бо ин сабаб, бояд “Шоҳнома”-ро чун ҳадяи бебаҳо муҳофизат кунем, ва чун ёдгорие аз Пешвои муаззами миллат аз насл ба насл ба мерос бигузорем. Дар ин бора дар “Шоҳнома” таъкиде низ ҳаст:
Чунин гуфт, к-"Ин ҳадяи шаҳрёр,
Бубинеду инро мадоред хор.
Яке нома бо ҳадяи шоҳвор,
Чу онро нашояд гирифтан шумор".
Имрӯз ҷаҳон ҷаҳони донишу хирад, кору пайкор, ҷаҳони техникаву компютер, ҷаҳони кашфи Моҳу Миррих аст! Ҷаҳони ҷаҳонишавӣ аст, ҷаҳони рақобат, ҷаҳони “будан ё набудан” (ибораи Шекспир) аст. Ин пандҳои ҳаким Фирдавсӣ ҳеҷ гоҳ куҳна намешаванд. Онҳо ҳамеша муосиру замонавиянд.
Суханони зерини Пешвои миллат ҳамрадифи пандҳои ҳаким Фирдавсиянд: “Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияи замонавӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд..."
Ҳоло дар ҷараёни эҳдои “Шоҳнома” ба аҳолии кишвар, эълони Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, ки ин ҳам бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ мешавад, аз тариқи радиову телевизионҳо роҷеъ ба “Шоҳнома” шарҳу тафсирҳои зиёд пахш мегарданд, ки, мутаассифона, баъзе донишмандон ва шореҳон боз ҳам масъалаи “асотирӣ” будани давлатҳои Пешдодиёну Каёниёнро думболагирӣ карда ва ё ҷуғрофиёи дурӯғин ва ба таври сунъӣ аз мавқеияти аслияш кӯчондашударо тарғиб мекунанд. Имрӯз фурсати он аст, ки “Шоҳнома”-ро аз банди туҳмати “афсона”-ву “асотир” раҳо кунем.
Бо дарки ҳассосияти масъалаи муҳофизати арзишҳои таърихиву фарҳангии халқу кишварамон даврони давлатдории Пешдодиёну Каёниён бояд ҳамчун марҳалаи муҳими таърихи воқеии халқи тоҷик мавриди пажӯҳиш ва баррасӣ қарор гирад... Ин масъалаҳо бояд масъалаи рақами яки илми таърихи кишварамон бошанд. Имрӯз, агар ҳиммати эътироф кардани ин масъаларо надорем, дар баҳсҳо бо таърихрабоёну фарҳанграбоёни хориҷи кишвар оҷиз мемонем.
Таври маълум, имрӯз як ҷараёни зоҳиран ноаёни таҳрифгароӣ ва таъриху фарҳанграбоии мислаш диданашудаи олимони баъзе кишварҳои дуру наздик густариш ёфтааст, ки аксаран барои аз худ кардани арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгони мо роҳандозӣ шудааст. Ин ҳол шабеҳи қиссаест, ки шеърдузде дар бозор дар ҳузури Анварӣ шеърҳои ӯро аз они худ гуфта мехонд ва худро Анварӣ муаррифӣ мекард. Мо ба хотири ҳамҷавориву муносибатҳои нек истиҳола мекунем, аммо онҳо боз ҳам далертар мешаванд...
Дар халқ мегӯянд, ки чизатро маҳкам дору ҳамсояатро дузд магир. Бале, мо то ҳол таърихи худро пурра соҳибӣ накардаем. То ҳол сарзаминҳои аслии ориёӣ – Эрони бостонро дар Осиёи Миёна нашинохтем. Ҳанӯз ҳам сарҳадоти сарзаминҳои таърихии ниёгони шуҳратёри эрониву турониамонро, мавқеияти Эронвиҷи таърихиро тасдиқ накардаем. Ҳанӯз ҳам Ҷамшеду Кайхусраву Рустаму дигар бузургони таърихиамонро аз коми асотиру афсона раҳо накардаем. Ҳанӯз ҳам номи Зардушт – ин абармарди бомдоди таърихро бе истиҳола ба забон намеорем. Ҳоло баъзе ҳамватанонамон дар ҳаққи ӯ “хизмати хирсона” карда истодаанд, нисбат ба ин масъалаи ҳассос боэҳтиёт бояд буд. Агар ин паёмбари ориёиҳо аз нажоди ягон халқияти турк мебуд, аз ӯ тандиси шуҳрату шаҳомати миллат месохтанд. Ҳоло, тавре зикр шуд, онҳо ба сӯйи Зардушт низ чашм ало кардаву ӯро аз худ карданианд. Ба даъвоҳо ва навиштаҳои даъвогарон ва дуздони сарзаминҳои аҷдодӣ ва таъриху фарҳангамон набояд хомӯшона ризоият диҳем.
Бе ин ҳам, диле, ки як зарра инсофу имони ватанхоҳӣ дорад, аз он чи ки мо дар тули таърих аз даст додем, хун мешавад. Аз сарзаминҳо, аз таърихҳову фарҳангҳо... Наслкушие, ки нисбат ба тоҷикон аз ҷониби чингизиён шудааст (20 миллион тоҷик!!!) таърих камтар ёд дорад. Имрӯз низ бо бепарвоӣ, бо хунукназарӣ, бо ҳақношиносӣ, бо коҳилие, ки дорем (баъзе зиёиёну олимони соҳаро дар назар дорам), дигарон арзишҳои миллӣ, таърих, ҳама чизе, ки метавонанд, осон аз худ карда истодаанд.
Агар аз умумигӯйӣ бигзарем ва ба ҷуғрофиёи мушаххаси ин асарҳо рӯ биоварем, хеле барҷой хоҳад буд. Мо мисолҳои зеринро бе шарҳу далелҳо зикр мекунем, зеро ин ҷо чунин имкон вуҷуд надорад.
1. Балх нахустин маркази давлати Пешдодиён аз Каюмарс то Ҷамшед – дар ғарби водии Фарғона, тақрибан дар он ҷое воқеъ буд, ки ҳоло "Баҳри тоҷик" ҷой гирифтааст. Ин Балх дар адабиёти чинӣ бо номҳои Бохан ё Боханнан зикр шудааст.
2. Бабар, Баври – пойтахти давлати Заҳҳок, ҳоло Боб, дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар водии Фарғона;
3. Таммеша – пойтахти давлати Фаридун, ҳоло бо номи Тамоша дар вилояти Бодкени Ҷумҳурии Қирғизистон, дар водии Фарғона.
4. Истахр, Ситарх – пойтахти давлати Кайхусрав, ҳоло деҳа бо номи Старғ, дар ноҳияи Ванҷ.
5. Балх (Балхи дуюм, Балхи шимоли Афғонистон Балхи сеюм аст) – пойтахти давлати Гуштосп, то замони Ҳумой, набераи Исфандиёр, ҳоло низ деҳа бо номи Балх дар бисткилометрии шимолу шарқии маркази ноҳияи Лахш ҷой дорад.
Ҳамин тавр, ҳафт кишвар, 16 сарзамини аҳуроофарида, панҷ тоифаи ориёӣ дар минтақаҳои мазкур ҷой доштаанд. Мо ҷойгоҳи ин пойтахтҳоро дар мақолаи “Панҷ пойтахти Эрони бостон дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон ва водии Фарғона” бо далелҳои қотеъ нишон додаем. Албатта, ҳоло ба ҷойи он пойтахтҳо деҳаҳое боқӣ мондаанд, ки аз пойтахт буданашон ҳеҷ нишоне нест. Дар он замон санъати меъмориву шаҳрсозӣ он гуна буд, ки мо намунаашро дар Саразм мебинем. Саразм, ки мувофиқи таҳқиқоти бисёрсолаи мо Хоразми “Авесто” ва “Шоҳнома” аст, агар бо кадом сабабе зери хок намешуд, то имрӯз аз он ҳеҷ нишоне боқӣ намемонд, зеро тавре маълум аст, биноҳои он вақт аксаран бо лой ва девори похсагӣ сохта мешуданд. Дар тайи тақрибан 7 ҳазор соле, ки аз замони Фаридун гузашт, оё аз шаҳре мисли Саразм дар болои хок чизе боқӣ монданаш имкон дошт? Ҳоло баъзеҳо бовар намекунанд, ки, масалан, дар ноҳияи Ванҷ ё Лахш пойтахти давлатҳои бузурги Каёниён воқеъ гашта буд. Вале воқеият ҳамин аст.
Ҳама гуфтаниву таманнои инҷониб низ он аст, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба халқамон, хусусан ҷавонон, ҳамеша таъкид мекунанду дастур медиҳанд: маърифатнокӣ, эҳё кардани хотираи таърихӣ, ба дараҷаи аъло аз худ кардани донишҳои замонавӣ, кашфиёти илмӣ, ихтироъкорӣ, бо неруҳои зеҳниву техникӣ мустаҳкам кардани иқтидори мамлакат, боз ҳам ободу зеботар гардондани Ватани маҳбубу ягонаамон, таҳкими сулҳу ваҳдати воқеӣ, иттиҳоди қавии миллӣ, ҳамоҳанг шудан бо ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ.
Муҳтарам ҲОТАМ, Шоири халқии Тоҷикистон