Баргашт Чоп кардан

РӮШОН. ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ


Ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо картошка дар ноҳияи Рӯшон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси ноҳия Илҳом Аҳмадзода ва сокинон кишти барвақтии картошка ва маъракаи ниҳолшинонӣ шуруъ гардид.
Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон иттилоъ доданд, ки 28-уми феврал дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев дар майдони 0,50 гектар картошкаи барвақтӣ шинонда шуд. Ин иқдоми сокинони маҳалҳои аҳолинишини деҳоти мазкур дар таърихи кишоварзии ноҳия таҷрибаи аввал мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бар асари тағйирёбии иқлими сайёра зимистони имсола дар манотиқи кӯҳистон низ гарм омад ва киштукори баҳорӣ ҳам барвақттар оғоз меёбад. Тибқи талаботи агротехникӣ ва дастури мутахассисони соҳа, вобаста ба мусоидии обу ҳаво имсол кишт ва парвариши картошкаи барвақтӣ дар бисёр деҳоти ноҳияҳои поёнии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон, пурра имконпазир мегардад.


Худи ҳамон рӯз роҳбарияти вилояту ноҳия ва сокинони маҳал, инчунин, дар мавзеи Чавнроби ноҳия, қад-қадди роҳи мошингард дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонданд. Раиси вилоят зимни мулоқот бо ҳашарчиён ва бо таъкид аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки боду ҳавои имсола барои кишти баҳорӣ мусоид омад, кишоварзону дигар сокинони вилоят аз ин имконият бояд босамар истифода баранд, аз рӯзҳои аввали баҳор ба кишти зироату сабзавот машғул шаванд ва корҳои созандагию хуррамгардониро вусъат бахшанд.


Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”