Баргашт Чоп кардан

Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон


3-юми март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир гашт.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои тарафайнро баррасӣ намуданд.


Наврӯз 20-уми март фаро мерасад
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53, ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо хабар дод.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб ва хатти истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.


Нақши занон дар тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ
2-юми март дар Кохи “Парфенон” ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони “Нақши занон дар тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ” чорабинии сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт баргузор шуд.
Зикр гардид, ки модар ягона мавҷуди бузургу муборак ва поку муқаддасест, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ сарчашма мегирад. Иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати бағоят бузурги ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсони соҳибхирад мебошад.


Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи шаҳри Ҳисор
2-юми март ба ифтихори Рӯзи шаҳри Ҳисор чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ доир гашт.
Гуфта шуд, ки соли 2015-ум 3000-солагии Ҳисор таҷлил гардид. Роҳбари давлат зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор табдил дода шавад. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 3-юми марти соли 2016 ноҳияи Ҳисор ба категорияи шаҳр мансуб дониста шуд ва ҳар сол, дар оғози фасли баҳори фархундапай, сокинони шаҳр ин санаи муборакро пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.


Таҳкими ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU)
2-юми март дар ҳошияи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress) дар шаҳри Барселонаи Испания сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати мамлакат Исфандиёри Саъдулло бо Дабири кулли ITU Дорин Богдан-Мартин вохӯрд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, рушди инфрасохтори рақамӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби узвияти Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ITU баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.