Баргашт Чоп кардан

АГЕНТӢ ФОШ МЕСОЗАД! АЗ МИНБАРИ СУД ТО ҶАВОБГАРӢ ДАР СУД Ё ТАҚДИРИ СУДЯИ ПОРАХӮР ЧӢ ХОҲАД ШУД?


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба як судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ дар ин бора хабар дод, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Самандари Қ. ба гирифтани пора дар давраи фаъолияти кориаш айбдор мешавад. Чунончи тафтишоти пешакӣ нишон додааст, номбурда моҳи октябри соли 2025 зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судшаванда Н.Д.С. ба ин амал даст задааст. Судя барои таъини ҷазои нисбатан сабук 75000 сомониро ба сифати пора талаб намуда, ҳамон замон 50000 сомониашро гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, Самандари Қ. дар идомаи кирдори ҷиноятии худ ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағи талабкардааш аз Н.Д.С. ба миқдори 25000 сомонӣ дар дафтари кориаш аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судя бо моддаи 319 қисми 3 (гирифтани пора...) Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки дар сурати исботи гуноҳ шахси муттаҳамро ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол интизор аст.


Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”