Дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таъмини суръати пешбинишудаи рушди иқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардондани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар соли 2025, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 176,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 дарсадро ташкил дод, ки нишондиҳандаи камназир аст.
Мавриди зикри хос аст, ки саҳми асосии Пешвои миллат дар рушди иқтисод аз таҳкими суботи макроиқтисодӣ, дастгирии саноатикунонии босуръат, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, рушди инфрасохтор (аз ҷумла, энергетика ва роҳсозӣ) ва баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ иборат мебошад. Ин тадбирҳо барои афзоиши пайдарпайи ММД ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаи устувор фароҳам оварданд.
Иқтисоди кишвар дар солҳои охир равандҳои устувори рушд ва тақвияти иқтидорҳои дохилиро таҷриба мекунад. Масалан, ҳиссаи бахшҳои саноатӣ ва хидматрасонӣ дар тавлиди маҳсулоти дохилӣ назаррас буда, иқтидори саноат ва истеҳсолот тадриҷан васеъ мешавад. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 66,7 миллиард сомонӣ расид, ки назар ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 13,3 миллиард сомонӣ (22,1 дарсад) зиёд мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумат (23.01.2026) Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо иқтидорҳои истеҳсолиро тақвият бахшида, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва содироти онро таъмин намоянд ва дар ин замина то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноатро дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 30 фоиз расонанд.
Кишоварзӣ ҳамоно яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ боқӣ мемонад. Тибқи омори расмӣ, ҳиссаи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ММД аз рӯйи ҳисоби пешакӣ дар соли 2025 ба 21,9 фоиз расид, ки истифодаи технологияҳои муосир, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва рушди шаклҳои нави истеҳсолӣ ба баланд бардоштани истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ мусоидат мекунад. Ба маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбати дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2027-ум 2,5 банди фоиз зиёд мебошад.
Илова бар ин, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта мешавад. Сатҳи таваррум дар доираи қобили қабул қарор дорад ва ин барои пешбурди фаъолияти тиҷорат, ҷалби сармоя ва беҳтар намудани муҳити иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмуъ, таҳаввулоти охирин нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар бахшҳои асосии иқтисодӣ, аз ҷумла истеҳсолот, кишоварзӣ, савдо ва инфрасохтор, пешрафт дорад, ки ин ба рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Содиқзода Шамс ТАБРЕЗ, ноҳияи Айнӣ