Баргашт Чоп кардан

МОИ «СУҒД». СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ПОНЗДАҲ КИШВАРИ ҶАҲОН

Андар Раҳмонӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва тақвияти иқтидори содиротӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бунёди Маркази логистикӣ идома дорад, ки ба рушди инфрасохтори соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва ҳарчи бештар ба хориҷ баровардани молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Масъулон дастур гирифтаанд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ба истифода диҳанд. Чунин марказҳо дар тақвияти занҷири истеҳсолу содирот ва коҳиши хароҷоти нақлиётӣ нақши калидӣ доранд. Илова бар ин, дар МОИ «Суғд» аз тарафи ҶДММ “Сайр Суғд” корхонаи истеҳсоли дучархаҳои гуногун бунёд гардида истодааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 корхонаи «Сайр Суғд» ба истифода супурда шуда, дар он истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ роҳандозӣ гардида буд. Марҳалаи дуюми корхона низ дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ шуда, пас аз иҷрои корҳои сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Донаи Алмос”, ки дар МОИ «Суғд» фаъолият дорад, ба коркард ва бандубасти меваҳои шаҳдбор машғул буда, содироти маҳсулоти худро ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Туркия, Олмон, Озарбойҷон, Ироқ, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои масъулон, бунёди чунин корхонаҳо барои таъмини шаҳрвандон, бахусус занон, бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд.


Ҳоло дар МОИ “Суғд” 46 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хидматрасонӣ машғул мебошад. Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои МОИ “Суғд” 201,5 миллион сомониро ташкил кард, ки назар ба соли пеш 145,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Маҳсулоти тавлидкардаи корхонаҳои саноатии МОИ “Суғд” ба понздаҳ кишвар содирот мешаванд.


Кароматулло АТО,

«Ҷумҳурият»