2-юми март Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар намуд.
Нахуст, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи мошингарди деҳаи Пахтаобод ба истифода дода шуд. Роҳи мазкур бо масофаи 3 километр ва паҳноии 5 метр дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд гардидааст.
Иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳ моҳи июни соли 2025 оғоз гардида буд.
Сипас дар маҳаллаи навбунёди Фазл Набии деҳаи Тагноб бо иштироки Сарвазири мамлакат муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Маҳаллаи мазкур 148 хоҷагӣ дошта, бинобар мавҷуд набудани муассисаи таълимӣ, хонандагон зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, ба мактаб мерафтанд.
Муассисаи мазкур барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз 10 синфхона иборат мебошад.
Бунгоҳи тиббӣ бошад, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Бинои он аз се ҳуҷра ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар идомаи сафар Сарвазири кишвар бо рафти корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-та дар деҳаи Меҳрвари деҳоти Чубек шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, зеристгоҳ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026 – 2030 бо мақсади таъмини бемаҳдуди неруи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд мегардад.
Дар ҷараёни сафар Сарвазири кишвар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи сарбанди Чубек то дидбонгоҳи Сайёд шинос шуд. Тибқи иттилои масъулон, мавзеъҳои хатарнок дар ин минтақа 25 километрро ташкил медиҳанд. Ҳоло бо ҷалби техника ва коргарони маҳаллӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар чанд нуқта идома доранд.
Бо мақсади иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 10522 ва аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 1485 тахтасанги оҳанубетонӣ сохта шудааст.
Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва сари вақт ба анҷом расондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Дар идомаи сафар Сарвазири кишвар дар шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонии бинои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дидан кард. Иншооти мазкур дар маҳаллаи Ориёно воқеъ буда, аз 7 қисм иборат мебошад. Ҳоло корҳои оҳанубетонӣ дар 5 қисми он ба охир расидааст.
Масъулон дастур гирифтанд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расанд.
Ҳангоми боздид аз ҶСК "Кӯлобтаҷҳизот", ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Ваҳдат текстайл” ва "Ресандаи Кӯлоб", ки тайи чанд вақти охир аз фаъолият бозмондаанд, роҳбарони онҳо ва масъулон вазифадор гардиданд, то камбудиҳо бартараф ва пешрафти кор таъмин шаванд. Барои беҳтар намудани сифати маҳсулот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо соҳибкорони сарбаланди Кӯлоб дар ободонии ин шаҳри бостонӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Яке аз чунин нафарон Холмуҳаммад Одинаев мебошад, ки корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда месозад. Сарвазири кишвар бо рафти сохтмони корхонаи мазкур ошноӣ пайдо кард, ки маблағи он 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 20 тонна маҳсулот мебошад.
Сипас, дар деҳаи Корези деҳоти Зиракӣ Сарвазири мамлакат бо рафти татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсу дидан намуд. Зикр гашт, ки 45,3 километри дарёи Ёхсу аз ҳудуди деҳаи Хонаободи деҳоти Даҳана мегузарад, ки 25,3 километри он мавзеи хавфнок буда, ба аҳолии шаҳр ва деҳоти Даҳана, Зиракӣ ва Зарбдор хатар эҷод мекунад.
Баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ давоми солҳои 2024 – 2025 дар дарёи Ёхсу ба масофаи 3200 метр тахтасангҳои оҳанубетонӣ хобонда, дар ин самт боз корҳо идома доранд.
Аснои сафар Қоҳир Расулзода аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” низ дидан кард.
Тибқи иттилоъ, ҳоло дар ин минтақа ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷик Алмос”, “Кӯлоб Агросаноат”, “Кӯлоб Пласт”, “Растанӣ Инно”, “Сомон Трейд”, “Саноат Сино”, “Тоҷик Агро Био Фид”, “Тоҷ Чайна байналмилал”, “Зафар Текстил” ва “Фарм Кӯлоб” фаъолият мекунанд. Дар корхонаи “Кӯлоб Агросаноат”, ки барои истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ пешбинӣ гардидааст, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори минтақа дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва шарикон аз Ҷумҳурии Корея корҳо дар самти таҳияи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ- иқтисодии сохтмони роҳи оҳан то Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”” оғоз ёфта, бомаром идома доранд.
Бояд гуфт, ки аз оғози фаъолият то кунун дар МОИ “Кӯлоб”, бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 99 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст.
Дар фарҷоми сафари корӣ, 3-юми март дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар Барномаи рушди иҷтимоию иктисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025 қабул гардида буд, ки, мутаассифона, ба таври дилхоҳ иҷро нашуд.
Ғайр аз ин, соҳаи саноати шаҳр ба як қатор мушкилҳо рӯ ба рӯ аст. Ҳоло 5 корхона: КВД "Зари Кӯлоб" ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Суматра СТК", "Ваҳдат текстайл", "Ресандаи Кӯлоб" ва "Элдорадо" аз фаъолият бозмондаанд.
Бо таҳлили вазъи мазкур, Қоҳир Расулзода барои дар фурсати кӯтоҳтарин ба кор даровардани ин корхонаҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ба истифодаи пурраи имкониятҳои шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёду барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, зиёд намудани шумораи ҷойҳои кор, беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
Сарвазири кишвар масъулонро вазифадор намуд, то дар иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сарфаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ масъулияти бештар дошта бошанд.
Комрон ЗИКРУЛЛО, «Ҷумҳурият»