Дар ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои глобалии экологӣ рӯз ба рӯз доман паҳн мекунанд, масъалаи ҳифзи захираҳои об ва манбаъҳои асосии он – пиряхҳо, ба яке аз мавзуъҳои мубрами рӯзномаи сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли масоили обу иқлим шинохта шудааст, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба хатари обшавии пиряхҳо ҷалб намуд.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин пирӯзии дипломатияи тоҷик ва занги ҳушдорест барои тамоми инсоният ҷиҳати наҷоти ояндаи сайёра.
Пиряхҳо захираи бузурги оби тоза ва танзимкунандаи иқлими сайёра ва нигоҳдорандаи мувозинати экосистемаҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дорои зиёда аз 13 ҳазор пирях буда, бузургтарини онҳо пиряхи Федченко бо дарозии зиёда аз 70 километр мебошад. Тоҷикистон саргаҳи ташаккули 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки вазъ нигаронкунанда аст. Тибқи мушоҳидаҳои охир, дар даҳсолаҳои гузашта дар ҳудуди кишвари мо зиёда аз 1000 пиряхи хурд пурра нобуд шудааст. Ин раванд ба амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва устувории соҳаи энергетика таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин бойигарии бебаҳо вазифаи стратегии мост.
Қабули қатъномаҳои марбут ба эълони соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 – 2034 давоми мантиқии сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдомҳо ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки барои омӯзиши амиқи равандҳои криосфера (қабати яхбастаи замин) ва пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим чораҳои амалӣ андешанд. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Обшавии пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшокии сокинони сайёраро зери хатар мегузорад ва мо бояд барои наслҳои оянда ин сарвати бебаҳоро ҳифз намоем».
Дар шароити имрӯза, барои ҳифзи самараноки пиряхҳо истифодаи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои рақамӣ зарур аст. Татбиқи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои кайҳонӣ дар мониторинги пиряхҳо имкониятҳои навро фароҳам меорад. Тавассути аксбардории моҳвораӣ ва таҳлили компютерӣ мо метавонем суръати обшавии пиряхҳоро бо дақиқии баланд муайян намуда, сенарияҳои тағйирёбии иқлимро барои солҳои оянда пешгӯйӣ кунем. Ин равиш имкон медиҳад, ки офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили сел ва обхезӣ, пешгирӣ ва идоракунии захираҳои об оқилона ба роҳ монда шавад.
Ҳифзи пиряхҳо бо гузариш ба «иқтисоди сабз» робитаи ногусастанӣ дорад. Кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ки сабабгори асосии гармшавии иқлим мебошанд, тавассути истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия имконпазир аст. Тоҷикистон бо истеҳсоли 98 фоизи неруи барқи худ дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки аз оби пиряхҳо ғизо мегиранд, намунаи барҷастаи «иқтисоди сабз» мебошад. Дар доираи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, кишвари мо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тавассути рушди технологияҳои муосир ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, таъсири манфии инсонро ба муҳити зист коҳиш диҳад.
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи давлату олимон, балки вазифаи ҳар як фарди бошуур аст. Дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020-2040) мо бояд насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба табиат ва ҳифзи он тарбия намоем.
Мубориз САБЗАЕВ, донишҷӯйи соли 1-уми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ