Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИСТОН. АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ЗИНДАГӢ САОДАТ ДОРАД

Сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегузоранд. Бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат бо роҳи ҳашар ва саҳми соҳибкорон нишонаи равшани ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар деҳаи Ободӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бинои қаблан бекорхобида аз нав барқарор шуда, ба маркази таълимии забономӯзӣ ва варзиш табдил дода мешавад. Дар иншоот барои ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, инчунин, машғул шудан ба варзиш тамоми шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Ҳамзамон, барои омӯзгороне, ки аз хориҷи кишвар ҷалб мешаванд, бунёди хобгоҳи замонавӣ дар нақша аст. Ин иқдом барои минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони забондон ва варзишгарони соҳибмаҳорат аҳамияти хос дорад.
Бо назардошти имкониятҳои табиӣ ва сайёҳии ноҳия сохтмони меҳмонхона, тарабхона ва биноҳои дуошёна барои қабули сайёҳон, инчунин, таъсиси марказҳои фурӯши маҳсулоти табиӣ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо тавассути бунёди 48 бинои дуошёна имкони қабули то 1000 сайёҳ фароҳам мешавад. Сокиноне, ки хонаҳояшон дар шафати роҳҳоанд, қисме аз онҳоро ба меҳмонхона ва нуқтаҳои фурӯши армуғон табдил додаанд, ки ин тадбир ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло дар ноҳия сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, бо ташаббуси соҳибкорон ферма барои парвариши 1000 сар гӯсфанд, 500 чорвои калон, асп ва шутур бунёд гардида истодааст.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”