Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди РВКД дар вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба нав- батдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД дар вилояти Хатлон Ҷ.С.Саидзода нишон дода, ки ӯ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ёрдамчии ҳамин шуъба А.У.Раҳмонзода даст ба ҷинояти қаллобӣ заданд. Онҳо моҳи июни соли 2025 бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд Ч.Г.А. даромада, бо баҳонаи қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба писараш, ки дар истеҳсолоти муфаттишони РВКД дар вилояти Хатлон қарор дошт, 30 000 сомонӣ талаб намуда, дар чанд маврид ин миқдор маблағро гирифтаанд.
Ваҳшоният ё “ҷазои худсарона”-е, ки дилҳоро хун мекунад
Кормандони милитсия як сокини шаҳри Бӯстонро, ки аз ӯ марди 52-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ дастгир намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард дар пайи муноқиша бо падари 79-солааш пирамардро аз 21 то 23-юми феврал дар яке аз ҳуҷраҳои манзили истиқоматии худ бо дасту пойи баста худсарона “ҳабс” кардааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо истифодаи усули барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
Милитсия ба дасти дуздон завлона зад
Дар ноҳияи Носири Хусрав ҳолати дуздие ошкор шуд, ки дар содир намудани ин ҷиноят ҷавони 19 ва ноболиғи 14-солаи сокининони ҳамин ноҳия гумонбар дониста мешаванд.
Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки гумонбарон 1-уми марти соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 43-солаи сокини ноҳияи Носири Хусрав шуда, аз он ҷо 12 ҳазор сомониро дуздидаанд.
Айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”