Баргашт Чоп кардан

Сарвазири Тоҷикистон ба эрониён ҳамдардӣ кард


Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Сафорати Эрон дар Душанбе, аз номи Ҳукумати кишвар ба эрониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Пас аз марги фоҷиавии Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар, дар Сафорати Эрон дар Душанбе "Дафтари ёдбуд" боз шудааст.


Иштироки сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ


Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло дар суҳбати гирди мизи Конгресси ҷаҳонии мобилӣ (Mobile World Congress), ки дар доираи ҳамоиши Ассотсиатсияи байналмилалии операторони мобилӣ (GSMA) баргузор гардид, иштирок намуд.


Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба сиёсатҳои фарогири тақсими спектр, ки ба пайваст намудани аҳолии аз шабакаҳои алоқа берунмонда равона шудаанд, баррасӣ гардид.
Иштирокчиён, инчунин, доир ба густариши фарогирии рақамӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои алоқа ва нақши сиёсати самараноки идоракунии спектр дар рушди инфрасохтори рақамӣ табодули назар карданд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ,
"Ҷумҳурият"