Баргашт Чоп кардан

ОИЛА. ВАҚТЕ ШУЪЛАИ МУҲАББАТ ФУРӮЗОН АСТ...


Ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббатро асоси зиндагӣ қарор додан шарти муҳимтарини оиладорӣ ва бақои он аст. Дар акси ҳол, парешониву рӯзгори табоҳ пушти дари мост ва хатари парокандашавӣ бештар дар миён меафтад. Ҳарчанд бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоии ниҳодҳои давлат солҳои охир раванди бекоршавии ақди никоҳ дар кишвари мо рӯ ба коҳиш овардааст, аммо ҳанӯз ҳам шумораи парокандашавии оилаҳо ҷойи нигаронист.
Мо аз ҷудоии падарону модарон дар ҳоле ҳарф мезанем, ки онҳо масъул ба ояндасозии фарзандон, аниқтараш созандаи ояндаи насли нави миллатанд. Волидайн муваззафанд, ки фарзандони боахлоқ, худшиносу меҳанпарвар, меҳнатдӯст ва дорои афкори солимро ба воя расонанд. Вале дар мавриди парокандагии оила иҷрои ин рисолат сахт халалдор мешавад.
Оила на танҳо ҷузъи таркибии ҷомеа ба шумор меравад, балки он василаи тарбияи насли оянда дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва солимфикрӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Ҳамзамон, олимону мутахассисони ҷомеашинос иброз медоранд, ки оила зиндагии солим ва мураттаби инсонӣ, кафолати тартиб, низом, қонун ва рушду пешрафти ҷомеа, сарчашмаи хушбахтӣ, бехатарӣ ва дилпурӣ, яъне зуҳуроти муқаддасе аст, ки ояндаи ҷамъият ва инсонҳоро неру ва бовар мебахшад.
Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Пас, барои пойдории оилаҳо ҳамаи қишри ҷомеа аз ниҳодҳои марбута сар карда, то аҳли эҷоду илм бояд дар ин самт масъулият дошта бошем. Масъалаи мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафтани ҳифзи оилаҳоро дарк карда тавонем. Дар ин сурат мо ба таҳкими пояҳои ҷомеаи солим ва насли баркамоли ояндасоз муваффақ мегардем, ки бояд дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошт.


Мадина УМАРЗОДА,
мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш