5-уми март дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.
Директори муассиса Салоҳиддин Раззоқзода зимни суханронӣ занону бонувонро табрик гуфта, барояшон рӯзгори ободу осуда таманно намуд. Гуфта шуд, ки бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба модарону бонувон мебошад.
– Нақши занон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст, - таъкид намуд С. Раззоқзода.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор занони фаъоли Коллеҷ ифтихорнома ва туҳфаҳо супурда шуданд.
Дар фарҷом санъаткорони Коллеҷ барои болидаруҳии модарон барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намуданд.
Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”