Замини боғча аз меҳр хандон аст,
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дараш боз аст, то ризқи фаровон аст,
Дар он ҷо ҳикмату шеъри ниёгон аст,
Дар он ҷо мушкили фарзанд осон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Чу чархонад ба сар ҳар гоҳ испандат,
Раҳи дарду бало дарҳол мебандад,
Ту гӯӣ, хишт-хишти хона механдад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Дар он ҷо равғани талх асту дармон аст,
Гиёҳу баргҳои хушк чандон аст,
Ва, бешак, модарам Синои даврон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Сабад дар мех овезону нон дорад,
Дилам пур, хона ганҷи шойгон дорад,
Дару девору боми хона ҷон дорад,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи оташдон гули оташ намоён аст,
Ба дегаш туппаву угрову лағмон аст,
Шамими зираву кашничу райҳон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи мактаб омада тифлон варо ҷӯянд,
Ба тундӣ “Очаи ҷонам куҷо?” гӯянд,
Давида бистару болин ҳамебӯянд,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Шариат ҳаст, имон асту Қуръон аст,
На тарсу бим аз иғвои шайтон аст,
Ба дасташ субҳаи момош гардон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ба файзаш хона чун бозор тафсон аст,
Ғиреву хандаи тифлону пирон аст,
Худоро шукр, меҳмон асту мизбон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Агар модар набошад, қуфл вайрон аст,
Ҷиҳози кулба ноҷову парешон аст,
Равоқи манзилам маъвои девон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Зи дуди мӯрии модар дилам равшан,
Зи хомандовааш обу гилам равшан,
Хаёлам, чашми ӯ мебинад аз равзан,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Ту гӯӣ, аз таҳи по раҳ гурезон аст,
На танҳо пой, дастонам шитобон аст,
Раҳамро ғайри ӯ дигар кӣ пазмон аст?
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Замини боғча аз меҳр хандон аст,
Фазои хона аз файзаш гулафшон аст,
Биҳишти нақдро айвонаш айвон аст,
Агар модар набошад, хона зиндон аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР