![]()
Дар сарнавишти башарият арзишҳое ҳастанд, ки аз марзи тафаккур ва шуури инсоният фаротар рафта, ҳамеша муқаддас боқӣ мемонанд. Яке аз чунин арзишҳои ҷовидонӣ мақоми модар аст. Ӯ сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳрубонӣ ва сутуни устувори маънавии ҷомеа ба шумор меравад. Инсон нахустин дарси муҳаббат, инсондӯстӣ ва меҳру шафқатро маҳз аз домони поки модар меомӯзад. Аз ҳамин ҷост, ки дар фарҳангу тафаккури мардумони ҷаҳон модар ҳамеша тимсоли покӣ, садоқат ва фидокорӣ арҷгузорӣ мешавад. Ин ҷойгоҳи баланд, пеш аз ҳама, аз муҳаббати поку беандозае сарчашма мегирад, ки модар нисбат ба фарзанди худ дорад.
Меҳри модар мисли нури Офтоб беминнат ва чун умқи уқёнус бепоён аст. Он эҳсосе нест, ки бо гузашти вақт камранг шавад, балки неруест, ки бо ҳар қадами фарзанд дар зиндагӣ қавитар мегардад. Ин муҳаббати беолоиш оинаи беғубореро мемонад, ки дар он покӣ ва самимияти зиндагӣ инъикос ёфтааст. Вақте рӯзгор бо тамоми санҷишҳояш инсонро ба имтиҳон мекашад, маҳз қалби модар аст, ки ӯро бо ҳамаи камбуду комёбиҳояш мепазирад ва барои идомаи роҳ неру мебахшад.
Модар ягона мавҷудест, ки дар сукуташ ҳазорҳо паёми ғамхорӣ нуҳуфтааст ва дар чашмонаш ҷаҳоне аз орзуҳо барои хушбахтии фарзанд зиндагӣ мекунад. Ҳузури ӯ дар хонадон на танҳо мояи файзу баракат, балки нишонаи устувории маънавии ҷомеа низ ба ҳисоб меравад, зеро домани модар нахустин мактаби ахлоқ, худшиносӣ ва ватандӯстист, ки дар он пояҳои инсонгароиву ватандӯстӣ ташаккул меёбанд.
Эҳтироми модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ барои ҳар як инсони солеҳ қарзи ҳам имонӣ ва ҳам инсонӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд талош намоем, ки қалби ин гавҳари нодири зиндагиро ҳамеша шод нигоҳ дорем ва қадри ҳар як лаҳзаи дар канори ӯ буданро донем, зеро оромиву саодати инсон аз ризояти модар ва баракати рӯзгораш аз дуои неки ӯ сарчашма мегирад.
Воқеан, ҳаёт бо тамоми ҷилваҳои рангорангаш дар баробари муҳаббати поки модар гоҳе камранг менамояд. Инсон метавонад ба мартабаҳои баланд бирасад, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад ва дар ҷомеа мақоми арзанда касб намояд, аммо дар назди модар ҳамоно ҳамон кӯдаки ниёзманд ба меҳру дуо боқӣ мемонад. Пас, набояд гузошт, ки заррае аз ғубори ғам бар он чашмони нуронӣ нишинад ё гарде аз ноумедӣ бар домани кибриёии ӯ афтад, зеро бузургтарин комёбии инсон дар дунё на дар молу сарвати гузаро, балки дар он аст, ки ҳангоми видоъ дар оинаи хотироти модар ҳамчун фарзанди солеҳу накукор боқӣ монад.
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»