Асри XXI, ки онро давраи илму технология ва ҷаҳонишавии иттилоот меноманд, бо тамоми пешрафту имкониятҳояш, мутаассифона, ҳамзамон, бо хатарҳои нав барои ахлоқи инсонӣ низ ҳамроҳ шудааст. Яке аз бузургтарини ин хатарҳо мардумфиребӣ ва худфурӯшӣ мебошад, яъне гум кардани виҷдон, рӯй гардондан аз ҳақиқат ва ба савдо гузоштани шарафу номус ба манфиатҳои шахсиву бегона.
Мардумфиреб – шахсе аст, ки бо суханҳои зоҳирфиребона ва ваъдаҳои дурӯғин, мардумро ба гумроҳӣ ва бо ҳамин эътимоди ҷамъиятро аз байн мебарад. Ӯ худро "ҳақҷӯ" нишон медиҳад, аммо дар асл ба душманон хидмат мекунад.
Худфурӯш бошад, шахсе аст, ки виҷдону номуси худро ба қимати ночиз мефурӯшад. Ӯ арзишҳои миллӣ ва ифтихори ватаниро бо манфиатҳои шахсӣ, молу мансаб ва ё дастгирии бегона иваз менамояд. Ин гуна афрод барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз ягон восита худдорӣ намекунанд.
Мутаассифона, имрӯз чунин шахсон дар ҷомеаи мо низ вуҷуд доранд. Онҳо худро "фаъоли иҷтимоӣ" ё "сиёсатмадори озодандеш" нишон дода, дар асл бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ муқобили давлати миллӣ таблиғ мебаранд. Ин афрод, ки бо дасти бегонагон амал мекунанд, бо дурӯғпароканӣ, таҳқири миллату давлат ва суханони иғвоангез мехоҳанд оромию ваҳдати миллиро халалдор созанд.
Аммо миллати тоҷик, ки бо заҳмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқлолият, субот ва ваҳдати миллӣ расидааст, дигар фирефтаи чунин мардумфиребон намегардад. Миллат таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва хуб медонад, ки ҳар як сухани иғвоангез метавонад ба оташи нооромӣ табдил ёбад.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд:
“Мо бояд ҳушёр бошем, то дубора ба доми фиреби хоҷагон ва хоинони миллат наафтем. Ваҳдат ва истиқлолият неъмати муқаддасанд, ки бояд чун гавҳари чашм ҳифз шаванд.”
Ин суханон моро водор месозанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон, масъулияти ватандориро эҳсос намуда, аз хиёнат ва худфурӯшӣ худро канор гиранд.
Мардумфиребӣ ва худфурӯшӣ бемориҳои ахлоқии асри XXI мебошанд. Табобати онҳо бо маърифат, ростгӯйӣ, ватандӯстӣ ва виҷдон имконпазир аст. Ҳар як шахс бояд дар назди худ савол гузорад: “Ман ба кӣ хизмат мекунам – ба Ватан ё ба бегонагон?”
Биёед, виҷдони покро ҳифз намоем, ростгӯ бошем ва ҳамеша дар хидмати Ватан, миллат ва Пешвои худ бошем!
Фирӯза МИРЗОЕВА,
мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №6, "Шифо"