Рамзи маъруфи Рӯзи Модар гул аст, махсусан гулҳои гулобӣ ва сурх. Ин гулҳо ба маънии муҳаббат ва эҳтиром ба модарон аст. Баъзеҳо дар ин рӯзи нек ба модару хоҳар ва ҳамсару духтарони хеш гулҳои гуногунранг ҳадия медиҳанд ё номаи шодбошӣ менависанд, ки дар он арҷгузорӣ ба бонувон равшан мебошад.
Модарон дар ҳама давру замон нақши муҳим доранд. Онҳо кӯдакро ба дунё меоранд, тарбия мекунанд, дарс медиҳанд ва дар рушди шахсият ва фарҳангии фарзандон саҳми калон мегузоранд.
Рӯзи Модар дар бисёр кишварҳо бо эҳтиром ва муҳаббат таҷлил мешавад ва он як рӯзест барои қадрдонӣ ва эҳтироми афзун. Ин танҳо ҷашни махсуси занон нест, балки арҷгузорӣ ба арзишҳои волои милливу инсонӣ аст, аз ҷумла ба забон. Шоир хуб фармуда:
Дар фитрату дар сиришту
дар гавҳари мост,
Чун боли ҳумой сояаш бар сари мост.
Бо қимати ҷони худ сипосаш дорем,
Эй дӯст, забони модарӣ модари мост.
Рӯзи Модар ба мо фурсат медиҳад, то ба модарон шодбош бигӯем, “Ташаккур модар!” бигӯем ё агар раҳдур аст, ба номаш номаи меҳр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бинависем. Ин як амали кӯчаки мо метавонад эҳсоси беҳтаринро дар дилу ҷисми модар бедор кунад.
Кошки мо ҳама рӯзро Рӯзи Модар донему барои изҳори эҳтирому сипос ба муҳаббати беохири ин олиҳаи меҳр вақт ёбем.
Шоира НИМАТОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №3 ба номи В. В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат