Баргашт Чоп кардан

ЗАНОНУ МОДАРОН НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИ МИЛЛАТАНД


3-юми март бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар толори меҳмонхонаи “Crowne Plaza Dushanbe” зери унвони «Занону модарони тоҷик нигини пурҷилои тоҷи миллатанд» ҳамоиши идона баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа заминаи устувор гузошта шудааст. Зикр гардид, ки имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ фаъолона кору фаъолият намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Дилрабо Мансурӣ муовини Сарвазири мамлакат ва дигар шахсони расмӣ зимни баромад нақши занро ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари насли солим, посдори арзишҳои миллӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз бо меҳру муҳаббат, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди занону модарон ҷомеа рушд ёфта, пояҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд.
Гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагии бонувон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби ҳарчи бештари занон ба идоракунии давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд.
Зимни ҳамоиши идона ба занону духтар туҳфаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим гардиданд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”


ВОЛЕЙБОЛ. САБҚАТИ БОНУВОНИ БАДАХШОН ТАНТАНА ДОШТ
Ба ифтихори Рӯзи Модар дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти ҷоми раиси ВМКБ роҳандозӣ гардид, ки дар он 21 даста ширкат варзид.
Аз миёни онҳо 8 даста ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Бозиҳо ҷиҳати роҳхат гирифтан ба даври ниҳоӣ байни дастаҳо хеле пуршиддат гузаштанд. Ниҳоят барои сабқат ҷустан дар даври ниҳоӣ танҳо 4 даста ҳуқуқ пайдо намуд. Аз ин дастаҳо “Хоруғ – 1” ва “Роштқалъа – 1” тавонистанд бар ҳарифони худ пирӯз гашта, ба финал бароянд.
Бозӣ барои ҷоми раис миёни ин ду дас-таи беҳтарин бо бартарии дастаи “Хоруғ – 1” , ки бозигарони хеле пуртаҷриба дошта, аксарияти онҳо устодони варзишанд, оғоз ёфт. Дастаи мазкур то охири бозӣ афзалиятро аз даст надода, бо ҳисоби умумии 3 - 0 бар тими “Роштқалъа” пирӯз шуд. Бо вуҷуди ин, дастаи “Роштқалъа”, ки ҳайати бозингарони онро наврасон ташкил медоданд, дар даври сеюм муқобилияти сахт нишон дод ва бо ҳунари худ ба таҳсину офарини бинандагон сазовор гашт. Дастаи “Хоруғ – 2” соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷамъбасти мусобиқа бонувони варзишгарро табрик ва изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамзамон, ӯ ҷиҳати бартараф намудани баъзе норасоиҳо дар ин самт масъулинро вазифадор намуд. Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”