Ҳар сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷӯшу хурӯши бештари созандагӣ ба амал меорад. Ва ташрифи Пешвои миллат ба хурду бузург неруи тоза, шодиву нишот, дилпурӣ мебахшад, ки Сарвари давлати соҳибистиқлол пайваста дар талоши беш аз пеш обод кардани мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди мактабу маориф, муассисаҳои тандурустӣ, бунёди корхонаҳои нав ба нави саноатӣ, роҳу пул ва нақбҳои афсонавианд.
Чун сафарҳои Президентро ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Рашт, ноҳияҳои водии Ҳисор ва кору пайкор, бунёдкориҳои рӯзафзуни мардумро ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар сартосари Меҳан пеши назар биорем, дил аз ифтихор ва шодиву сурур лабрез мешавад. Созандагиву бунёдкорӣ.
Дар як фосилаи начандон зиёд шоҳроҳ, нақб ва пулҳои бузурги афсонавӣ, муассиса, донишгоҳҳои боҳашамат, корхонаҳо, коху боғҳои фароғатии зиёд бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Президенти муҳтарам бунёд шудаанд. Хусусан, бунёди шоҳроҳҳои ҳайратангези байналмилалӣ барои муттаҳид ва ҳамдил кардани мардуми сартосари Тоҷикистон мусоидат карданд.
Ин роҳ, ки аз Вахшу зи Хатлон гузарад,
То Чин зи миёнаи Бадахшон гузарад.
Исмоили Сомонӣ на чунин армон дошт,
Эмомалӣ бин: сарвари корвон гузарад.
Дар ин маврид манзараи пуртантанаи роҳкушоӣ пеши назар, ба ёдам 30-юми январи соли 1999 расид. Он рӯз бо чархболҳо дар ҳайати Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону мутахассисон, корпусҳои дипломатӣ, намояндагони илму адабро барои гузоштани санги асоси оғози бунёди роҳи Шкев – Зиғар ба Девдара ё Яхчи Поён бурданд. Чархболҳо аз шафати қуллаҳои барфпӯш гузашта, дар як пора майдони доирашакли ҳамворкардаи соҳили рӯди Панҷ нишастанд. Ин сафар ва ин мавзеи навобод барои бисёриҳо нав буд. Дар Девдара, ки аз пайроҳаҳои борики домани кӯҳҳо иборат буд, дар ҳавои кушод ҳамоиши пуршукӯҳе барпо шуд ва Президент Эмомалӣ Раҳмон он ҷо санги асоси шоҳроҳи ояндаро гузоштанд. Дар ҳамоиш бештар дар ситоиши диловарӣ ва заҳматписандии роҳсозони тоҷик, дастгириҳои сармоягузорон барои бунёди шоҳроҳ сухан мерафт. Вале шодиву сурури Президент Эмомалӣ Раҳмон дар байни ин дараи танг, қуллаҳои осмонбӯс ва соҳили Панҷи хурӯшон интиҳо надошт. Оғози ҷомаи амал пӯшондани армони ҳазорсолаи миллат.
Ҳама ба ин иқдоми созандаи Сарвари давлат сано мехонд. Аз ҷумла, сафири кабири бузургтарин давлати дунё – Чин дар Тоҷикистон гуфт: «Ин шоҳроҳ падидаи бузурги аср аст, ки бояд давлатҳои дунё онро эътироф бикунанд, зеро ин шоҳроҳ акнун Осиёи Марказиро ба Аврупо ва тамоми олам мепайвандад».
Дар ин ҳамоиш адибони намоён Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Аскар Ҳаким ширкат доштанд. Азбаски дар ин ҷо он замон бинову толор вуҷуд надошт, пас аз анҷоми ҳамоиш нишасту пазироӣ дар хаймаи бузурге баргузор шуд. Дар авҷи суҳбат баногоҳ Президент шоду мамнун пурсиданд:
– Шоирони мо оё ба ин муносибат шеъре мегӯянд?
Ҳолату имтиҳони сангин. Бадоҳатан бояд шеъру сухане гуфт. Навбати аввал ба Гулназар расид. Ӯ ин байтро хонд:
Ин роҳ, ки дар тани Ватан шарён аст,
Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.
Пас аз кафкӯбии ҳозирон Лоиқ дар баробари хондани пораи шеъраш дар пайравии ғазали машҳури устод Рӯдакӣ «Ояд ҳаме» «Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме» бо шодиву сарфарозӣ гуфт: «Ин шоҳроҳ шоҳроҳи таърих, роҳи армонҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд, ки моро ба асри бисту як мебарад».
Зимнан, ин ҳамоиши пуртантанаро хурду калони сокинони рустоҳои давлати ҳамсоя – Афғонистон дар он соҳили рӯди Панҷ дар пайроҳаҳо нишаста бо ҳавас тамошо мекарданд. Воқеан, ин шоҳроҳ дар асри бисту як бо заҳмату фидокориҳои роҳсозон дар дили кӯҳу сангҳои хоро ончунон кандаву зебо сохта шуд, ки бинандагон ангушти ҳайрат газиданд. Ва рӯзи ботантана ба истифода додани шоҳроҳ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шоду болидаруҳ дар баробари арзи сипос ба заҳмати фидокоронаву ғалабаи роҳсозон ба Девдара Гулдара ном гузоштанд. Номи арзанда.
Аз он шоҳроҳ акнун ҳар рӯз нақлиёту мусофирони бешумори дохилӣ ва сайёҳони хориҷӣ бароҳат гузашта, шояд ба ёд ҳам намеоранд, ки он дар домани кӯҳҳои саросар хоросанги касногузар бунёд шудааст.
Олам ту бубин қудрати ин тоҷикро,
То ки бирасад ба дӯст, ӯ хоро шикофт.
Худро бигудохт ҳамчу оҳан роҳсоз,
То мардуми мо саодати ҷовид ёфт.
Баъд дар сартосари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари пойдор гардидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои дурандешонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон созандагиву бунёдкорӣ авҷи нав ба нав гирифтанд. Бунёди шоҳроҳу нақбҳо, садҳо корхонаҳои бузурги ҳаётан муҳим, неругоҳҳои азим аз ояндаи дурахшону пурсаодати сарзамин башорат медиҳад.
Деҳаҳои пеш хурду назарногир акнун бо биноҳои навсохти аз ҷиҳати меъморӣ шабеҳи шаҳр ва боғу гулгаштҳои дорои қасрҳои дилкушои фарҳанг дилрабоянд. Ин навсозиҳо бо ҳидояти Сарвари давлат, бо маблағгузориҳои ҷавонмардони соҳибкору сармоядор бунёд шудаанд. Офарин! Намунаи ибрат. Нишонаи ҳиммату нангшарикӣ, баланд шудани завқи зебоипарастӣ ва ба ҳамдиёрон омода кардани фазову шароити шоистаи зиндагӣ. Ҷаҳиши бузург.
Аммо, вақте Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаҳои чанде пеш аз офати заминларза валангоршудаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ташриф оварданд, мо дидем, ки пиру барнои он рӯзҳои мудҳиш аз харобиву фурӯ афтидани хонаҳояшон парешонҳолу афтодаруҳ, ноумеду ғамзада, ашк дар чашм, – магар то фасли сармо боз соҳиби сарпаноҳ мешуда бошанд? – акнун аз вафо кардани Президент ва Ҳукумат ба аҳдашон мамнуну хушҳол, бо чашмони аз нури шодӣ рахшон Ҷаноби Олиро бо самимият пешвоз ва аз дасти муборакашон калиди хонаҳои навсохти бо тамоми ҷиҳози зиндагӣ муҳайёро гирифта, басо зебо, бо ҳазлу шӯхӣ ва дили аз ифтихор саршор бо ӯ суҳбати озод меороянд. Яке ба Президент «Бачаи ширин», дигаре «Падар», хурдсолону наврасон «Бобоҷон» гуфта муроҷиат мекунанд. Аз ин бахту комронӣ чаро наболанд?
Ин суҳбати хушро тамоми мардуми ҷумҳурӣ дида, дилпур мешаванд, ки Ҳукумат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Пешвои ғамхор пушту паноҳашонанд. Дар рӯзҳои мушкилу тангдастӣ онҳоро ҳаргиз фаромӯш накарда, ҳамеша бедареғ ёриву мадад мерасонанд.
Таҷрибаи ғаниву фаровони роҳбарӣ, зиёда аз ин ҷонпайванд будан ба миллату давлат, шабу рӯз дар андешаи пойдории асолати миллӣ, боло бардоштани сатҳи маърифати мардум, иқтисодиёти давлат, эҳёи расму оинҳои бостонӣ, хотираи таърихӣ, ворисӣ кардани мероси гаронбаҳои қадима ва бузургдошти абармардони илмиву адаб ва сиёсат, бунёди иншоотҳои муҳташами ҳаётан муҳим Президентро чун фарзанди фарзона ва Роҳбари хирадманду тавоно дар дили мардуми Тоҷикистон ҷо кардааст.
Ва ин ҳам меваи шаҳдбори истиқлоли давлатӣ ва таҳкими сулҳу субот аст, ки фарзанди накуноми модари тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсати бузург баровард ва ӯ чун Президенти муваффақ дар сартосари ҷаҳон машҳур шуд. Инро миллати тоҷик бахту иқболи хеш мешуморад.
Абдулҳамид САМАД