Нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат – “Шаҳриёр” яке аз рӯзномаҳои фаъоли маҳаллӣ маҳсуб ёфта, таърихи беш аз 90-сола дорад. Моҳи сентябри соли 1932 аввалин шумораи рӯзнома бо теъдоди 400 нусха ба табъ расид. Тули солҳои мавҷудияти хеш бо номҳои “Барои меҳнати коммунистӣ”, “Коммуна”, “Ваҳдат” нашр мегардид ва аз соли 1992 унвони “Шаҳриёр”-ро гирифт.
Бисёр рӯзноманигорони варзида ва адибони шинохтаи ҷумҳурӣ мактаби ин нашрияро гузаштаанд. Аввалин муҳаррири рӯзнома Азимҷонов буд.
Яке аз рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ Исматулло Ибодов низ солҳои 1987 – 1990 ба ин нашрия сарварӣ кардааст. Аз соли 1990 то соли 2020 Рустам Мукаррамов, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ, адиб ва рӯзноманигори варзида Нуриддини Амриддин сармуҳаррири нашрия буданд. Айни ҳол таҳти роҳбарии Ҳикматҷон Розиқов фаъолияти “Шаҳриёр” пеш меравад.
– Ифтихор дорем, ки дар ин минбари бонуфузи тарғиботӣ анъана ва кори пурмаҳсули устодон ва рӯзноманигорони маъруфро идома медиҳем. Давоми беш аз навад соли фаъолияташ рӯзнома ба мактаби калони эҷодӣ табдил ёфта, даҳҳо қаламкашонро ба камол расонд. Самад Нуров, Раҳмат Зайдуллоев, Ислом Нуров, Сироншо Диловаров, Нуриддин Хайриддинов, Исломи Ниёз, Муҳаммадӣ Табаров ва даҳҳо нафари дигар, ки фаъолияти эҷодии худро дар рӯзномаи “Коммуна” (ҳоло “Шаҳриёр”) сар карданд, минбаъд дар нашрияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва радиою телевизиони мамлакат идома доданд. Адибон Шералӣ Мӯсо, Нур Табаров, Қиёмуддин Абдуллозода, Абдусаттори Раҳмон, рӯзноманигорон Саидмурод Раҳимов, Зинатуллоҳ Исмоилзода, Саидмурод Искандаров ва бисёр дигарон нахустин чакидаҳои қалами худро дар ин рӯзнома интишор карданд, – мегӯяд Ҳикматҷон Розиқов.
Имрӯз аҳли эҷоди рӯзнома анъанаи неки устодону ҳамқаламони собиқашонро идома дода, баҳри инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ азму талош менамоянд.
Ба ифтихори 90-солагии рӯзнома таърихномаи пуршарафи нашрия ба шакли китоби алоҳида бо унвони “Ҳамдаму ҳамрози мардум” нашр гардид. Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим дар муқаддимаи китоби мазкур, аз ҷумла иброз намудааст: ”Яке аз воситаҳои тавонои тарғибу ташвиқ ва “чашму гӯши халқ”, ки қатори зиёда аз 500 номгӯ рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар баҳри таҳкими истиқлолияти давлатии Ватан, ваҳдату ягонагии сокинони он, дӯстию бародарӣ ва шукуфоию ободии диёр талош варзидаю дар ин ҷода саҳмгир аст, рӯзномаи “Шаҳриёр” мебошад”.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
рӯзноманигор