Баргашт Чоп кардан

АҲДИ ДЕРИН БО МОДАР

Ҳамин шуд аҳди ман, эй модари ҷон:
Забони модариро зинда дорам.


Беҳин мероси ту ганҷи забон аст,
Забонатро ба ҷон поянда дорам.


Забон аз шири ту бар хунам омад,
Диламро бо забон оканда дорам.


Агар пурсанд аз модар чӣ дорӣ?
Ҳазорон вожаи фархунда дорам.


Маро фардои рӯшан интизор аст,
Далели ҳастии оянда дорам.


Забон аз риштаи меҳри ту барҷост,
Ба ҷон ин риштаро ноканда дорам.


Ба ҳар сӯи ҷаҳон рафтам, чу машъал,
Забони ишқро тобанда дорам.


Ҳамеша зинда мемонӣ, агар ман
Забони модариро зинда дорам!


Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”