Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, занону духтарон – кормандон ва собиқадорони бонк бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода нахуст бонувонро бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки Модар дар ҳама давру замон рамзи бақо, сарсабзӣ ва хуррамии зиндагӣ мебошад ва ҷашни мазкур дар арафаи Наврӯз нишон медиҳад, ки фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша бо давру замон ҳамоҳанганд.
Зикр шуд, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки Пешвои миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Мо нақши бонувону занони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.
Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дастовардҳои онҳо пайваста қадр мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад. Айни замон 252 нафар ё 29 фоизи кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 34 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дорад, – зикр намуд Фирдавс Толибзода.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон занону духтарони бонкро бо ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуд, ки бонувон бо меҳнату заҳмати содиқонаи худ минбаъд низ дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ва рушди Ватани азиз саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ХАДАМОТИ ГУМРУК
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, бонувони Хадамоти гумрукро ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва дар фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳои нав таманно кард.
Зимни суханронии худ номбурда аз нақши арзандаи зан – модар дар ҷомеа ёдовар шуда, зикр намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва камолоти инсон буда, дар тарбияи насли солиму ватандӯст саҳми беназир мегузорад. Нақши занон дар рушди ҷомеа, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, рӯз ба рӯз меафзояд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Таъкид шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти мамлакат шумораи занон дар мақомоти гумрук сол ба сол афзуда, имрӯз дар ин сохтор 148 нафар бону фаъолият дорад, ки аз онҳо 11 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ чанде аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук оид ба ҷойгоҳ ва манзалати зан – модар дар ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
НОРАК. АҲЛИ АДАБ БА ТАБРИКИ ЗАНОНИ ЗИНДОНӢ РАФТАНД
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи намояндагони соҳаи фарҳанг ва аҳли адаб ба Муассисаи ислоҳии занон дар шаҳри Норак сафар намуда, бо маҳкумшудагон мулоқот карданд.
Дар ҳайати гурӯҳ вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, шоир Меҳринисо, директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Шерализода ва рӯзноманигор Ҳуриннисо Ализода шомил буданд.
Зимни мулоқот вазири фарҳанг бо суханронии руҳбаландкунанда ба занон муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ҳар инсон метавонад аз иштибоҳҳои худ сабақ гирифта, роҳи нави зиндагиро интихоб намояд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки занон бояд аз фурсати будубош дар Муассиса барои омӯзиш, хондани китоб ва рушди маънавии худ истифода баранд.
Дар доираи дидорбинӣ ба Муассиса зиёда аз 100 номгӯ китоб аз ҷониби нашриёти «Адиб» ва чанд асари бадеӣ аз ҷониби меҳмонон тақдим карда шуд. Инчунин, бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Занони маҳкумшуда барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат миннатдорӣ намуда, умедвории худро ба ояндаи беҳтар ва бозгашт ба ҳаёти осоишта баён карданд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"