![]()
11-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир гашт.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма яке аз василаҳои асосии таъсиррасон ба шуури ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Воситаҳои ахбори омма метавонанд афкори умумро шакл диҳанд, ба ташаккули руҳия ва худшиносии миллӣ мусоидат намоянд. Ӯ иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: “Ҳифзу манфиатҳои миллию давлатиамон дар асри ҷаҳонишавӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, бахусус воситаҳои ахбори омма, ба ҳисоб меравад”.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён баён намуд, ки имсол мо ин ҷашни касбиро дар соли таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши матбуотро дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ борҳо таъкид намуда, иброз доштаанд, ки «матбуот оинаи ҷомеа ва минбари андешаи озод аст ва бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ саҳми фаъолона гузорад».
– Матбуот мисли фасли баҳор неруи эҳёгарӣ дорад, эҳёи андеша, худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, – афзуд вазир.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба як зумра рӯзноманигорон ва расонаҳои иттилоотӣ ҷоизаю унвон, ифтихорнома ва сипоснома тақдим гардид. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо сипосномаи Вазорати фарҳанг қадр шуд.
Инчунин, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Руҳафзо Муродова сазовори Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”