Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик бо баргузории як қатор мулоқоту чорабиниҳо таҷлил гардид. Аз ҷумла, бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вохӯриҳо доир шуда, ба як қатор рӯзноманигорон ифтихорнома, диплом ва шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим шуд.
Чорабинии тантанавӣ дар меҳмонхонаи “Суғдиён” баргузор шуд, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ширкат варзида, паёми табрикии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик қироат намуд.
Зимни суханронӣ Зуфар Исмоилзода рӯзноманигоронро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват сохта, зикр кард, ки ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар шароити кунунӣ барои коҳиш додани таъсири эҳтимолии буҳрони иқтисодӣ муҳим аст.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо гурӯҳи рӯзноманигороне, ки бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дастовардҳои шаҳрро дар саҳифаҳои расонаҳо мунтазам инъикос менамоянд, вохӯрда, ба онҳо ифтихорнома супурд.
Дар идома собиқадорони соҳа Додохон Эгамзод, Толиб Озарахш ва раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Улмас Эркаев андешаҳои худро доир ба аҳамияти касби журналистӣ, масъулияти иҷтимоии он ва нақши матбуот дар рушди ҷомеа баён доштанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ХАТЛОН. ДАР РӮЗИ МАТБУОТ АҲЛИ ҚАЛАМ ҚАДР ШУДАНД
11-уми март ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир гашт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва собиқадорони соҳа аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба шароити кории онҳо суҳбат карданд.
Сипас, дар толори Кохи фарҳанг муовини раиси вилоят паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот расонд. Зикр гардид, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвар, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.
– Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро мо қадр мекунем ва барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ меандешем. Мо комилан дарк мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили ҷангу ҳуҷумҳои иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд, – гуфта шуд дар ҷамъомад.
Ҳамасола ҷоизаҳои вилоятии ба номи Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин ва Соҳиб Табаров миёни адибон супурда мешаванд. Ин навбат Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав ба асари «Фарёди сукут»-и Сипеҳри Ҳасанзод дар самти насри бадеӣ, Ҷоизаи Шамсиддин Шоҳин ба маҷмуи шеърҳои шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагон Сулаймон Султон бо номи «Ҳамболи орзу» дар назм ва Ҷоизаи адабии Соҳиб Табаров ба китоби Мирзо Одина бо номи «Шарҳи сад ғазали Бедил» сазовор дониста шуда, ба ҳар кадом 5000 сомонӣ тақдим шуд.
Ҳамчунин, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан» дар соли 2025 барои беҳтарин маводи журналистӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадр гардиданд. Ба як қатор собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол бошад, сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим шуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ МОНДАГОР БУД
11-уми март Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва рӯзномаи “Насими айём”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуот – оинаи рӯзгор ва муҳимтарин рукни ҷомеа» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намуданд.
Меҳмонон, нахуст, аз намоиши китоб, ки аз ҷониби китобхонаи ба номи И. Сомонии Коллеҷи фарҳанг роҳандозӣ гардид, дидан карданд.
Муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро ба аҳли қалам ва ҳозирон расонд. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни суханронӣ нақши матбуотро дар рушди ҷомеаи демократӣ муҳим арзёбӣ кард. Инчунин, прокурори ноҳия Мутеулло Раҷабзода ва муовини раиси суди ноҳия Исмоил Муминзода нақши матбуотро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Директори Коллеҷ Салоҳиддин Разоқзода иброз намуд, ки бо дастпарварони худ ифтихор менамояд. Хатмкардагони Коллеҷи фарҳанг, аз ҷумлаи адибону публитсистони шинохта шодравон Кароматулло Мирзо, Ато Ҳамдам, шодравон Абдулқодири Раҳим замони донишҷӯӣ бо рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамкорӣ намуда, баъдан фаъолияти эҷодиашонро дар матбуоти ҷумҳуриявӣ идома бахшиданд.
Айни ҳол дар Коллеҷ кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ амал мекунад ва устодону журналистони маъруф Қурбоналӣ Раҳмонзода, Фирӯз Азизов, Бузургмеҳри Баҳодур, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, Сафар Шосаидзода, Дарвеш Қурбонов ба донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ дарс медиҳанд.
М. ВОҲИДОВ
ВАНҶ. СОКИНОН АЗ РӮЗҲОИ ОФТОБӢ БО САМАР ИСТИФОДА МЕКУНАНД
Ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор сокинони Ванҷ корҳои баҳориро вусъат бахшида, дар шукуфоӣ ва сабзу хуррамгардонии маҳаллаю кӯчаҳо ва боғот саҳми сазовор мегузоранд. Ин аст, ки сол ба сол домани боғҳо васеъ гардида, қад-қади роҳҳо ва талу теппаҳо ниҳолҳои ҳамешасабз қомат меафрозанд.
Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба минтақаи сабз табдил додани ҷумҳурӣ дар Осиёи Марказӣ дар ноҳия пайваста ҳашарҳои оммавӣ баргузор мегарданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳашари умумӣ аз ҳар рӯзи баҳорӣ самаранок истифода бурда, ҳар қитъаи замини бекорхобидаро ба ниҳолистон табдил додан аст. Аз ҳамин лиҳоз, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту муассисаҳои фаъол имрӯзҳо дар ҳамаи деҳаҳо ниҳолшинонию ободгарӣ ва барқарорсозии боғҳои куҳна идома доранд.
Ба гуфтаи директори Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ Мунаввар Музаффаров, то кунун аз тарафи кормандони хоҷагии ҷангал 1000 бех ниҳоли сӯзанбарг дар қади шоҳроҳ шинонда шудааст. Бар замми ин, 73 ҳазор бех ниҳоли босамар ва сояафкан барои шинондан тайёр аст.
Дар мавзеи дашти Бовуд, дар майдони 12 гектар, боғи нав бунёд шуд. Хоҷагиҳои деҳқониро низ тибқи шартнома бо ниҳолҳои боровару ороишӣ, аз қабили арча, таъмин менамоянд.
– Тибқи нақша, соли ҷорӣ бояд дар майдони 90 гектар боғи себ, 30 гектар зардолу,16 гектар олузор бунёд гардида, дар 44 гектар ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шаванд, – афзуд Мунаввар Музаффаров.
Чунин ободкорӣ ва сарсабзгардонии маҳаллаҳо сол ба сол равнақ меёбанду дар натиҷа боғоти нав бунёд мегарданд ва роҳу партовгоҳҳо низ ба маконҳои шукуфову сарсабз табдил меёбанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор