Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ ВА БОЗ ЯК САҲИФАИ НАВ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРӢ


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2026 самтҳои калидии сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ ва дурнамои рушди устувори кишвари азизамон таҳлилу натиҷагирӣ ва авзои сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Паёми навбатӣ бо таҳлили амиқи дастовардҳо, маҷмуи васеи масъалагузориҳо ва дигар вижагиҳои хос низоми устувори давлатдории навини моро дар шароити ҳассоси замони муосир бозгӯ намуд. Пешвои миллат бори дигар бо такя ба неруи халқи азизи хеш изҳори бовар намуданд, ки “мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд”.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҷаҳони муосир чунин таъкид намуданд: “Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад”. Табиист, ки дар вазъияти печидаву тағйирёбанда ҷаҳони муосир барои расидан ба ҳадафҳои неку созанда бояд дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сиёсӣ беш аз ҳар вақти дигар масъул бошем. Чунки, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар буда, то кунун таҳти чунин шароит дар мамлакати мо пешрафтҳои назаррас ба даст омадаанд.
Дар Паём чанд пешниҳоде ироа гардид, ки дар таҳким ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар арзишманд мебошанд. Аз ҷумла, бинобар истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҷомеа ва технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ Сарвари давлат ба парламенти кишвар тавсия доданд, ки «барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд». Дар ин робита, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ» зарур шумурда мешавад, ки барои таъмини рақобатпазирии миллии Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ бисёр муҳим хоҳад буд.
Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба таҳкими минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ ба он таъкид шуд дастури Сарвари давлат оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун дар соҳаи бостоншиносӣ буд. Аз дидгоҳи мо дар миён гузоштани ин масъала ҳам бисёр муҳиму саривақтӣ буд, зеро чунин як санади ҳуқуқӣ ба ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои таърихӣ комилан мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин тавр, дастуру нишондодҳои Паёми навбатӣ дар таҳкиму рушди қонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар саҳифаи тозае ба шумор меравад, ки пешниҳод оид ба таҳияи лоиҳаи ду қонуни нави мукаммал далели равшани ин гуфтаҳост.


Нодирҷон ҚОДИРЗОДА, прокурори ноҳияи Данғара