Баргашт Чоп кардан

СОХТМОН. СУИСТИФОДА АЗ ИҚДОМҲОИ ОЯНДАСОЗИ ШАҲРДОРӢ БЕШТАР АЗ ҶИНОЯТ АСТ!


Имрӯз Душанбе ба як пойтахти замонавию рушдёбанда табдил ёфта, симои меъмории он сол ба сол рӯ ба зебоӣ дорад. Бунёди биноҳои баландошёна, иваз гардидани хонаҳои куҳна бо манзилҳои муосир ва фароҳам омадани шароити беҳтари зист далели пешрафти соҳа мебошанд. Аммо дар баробари ин як қатор мушкилоти нигаронкунанда низ ба миён омадаанд, ки бе таҳлил ва чораандешии ҷиддӣ ҳал намешаванд.
Бахусус ҳолатҳои фурӯхта шудани як манзил ба чанд нафар, бастани шартномаҳои бенотариалӣ ва фаъолияти миёнаравони ғайрирасмӣ боиси саргардонии шаҳрвандон гардидааст. Чунин кирдорҳо на танҳо эътимоди мардумро коста месозанд, балки обрӯйи соҳаи сохтмонро низ зери суол мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар соли 2025, тибқи маълумоти расмӣ, дар Прокуратураи генералии мамлакат 47 ҳазор муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки миёни онҳо норизоии шаҳрвандон аз баҳсҳои манзил кам нестанд.
Ҳамчунин, нигарониҳо дар бораи ба биноҳои баландошёна илова намудани ошёнаҳои изофӣ, риоя нагардидани қоидаҳои сохтмонӣ ва шитобкорӣ дар иҷрои корҳо зиёданд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки назорати техникӣ бояд пурзӯр гардад. Агар бино аз комиссияи давлатӣ нагузашта бошад, чаро сокинон иҷозати иқомат мегиранд? Ин ҳолат метавонад дар оянда ба мушкилоти ҷиддии техникӣ ва ҳатто хавфи амниятӣ оварда расонад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар шарҳи мушкилоти марбут ба фурӯши хонаҳои баландошёна зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳолатҳои қаллобӣ, воқеан, ҷой доранд ва ин амали нангин аст. Ба гуфтаи ӯ, баъзе афрод дидаву дониста як манзилро ба чанд нафар мефурӯшанд, ки чунин ашхосро наметавон соҳибкор номид, онҳо қаллобанд. Номбурда таъкид кард, ки ин масъала таҳти назорати ҷиддии ҳукумати шаҳр қарор дорад. Тибқи дастуру супориши раиси шаҳр, минбаъд дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши хонаҳои баландошёна QR-кодҳо насб карда мешаванд. Ин иқдом аз сокинон маърифати баланди ҳуқуқӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои муосирро тақозо мекунад, то ба доми қаллобон наафтанд. Ҳамзамон, маълумоти муфассал дар бораи ширкатҳои сохтмонӣ дар портали Сарраёсати меъмории шаҳр ҷой дода шудааст.
Бахтиёр Шарифӣ, инчунин, зикр намуд, ки сармеъмори шаҳр дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор фаъолияти ширкатҳои сохтмониро марҳала ба марҳала таҳлил намуда, нисбат ба онҳое, ки фаъолияташон ҷавобгӯйи талабот нест, чораҳои зарурӣ меандешанд. Сокиноне, ки бо ҳолатҳои қаллобӣ рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд тавассути QR-коди ширкат шикояти худро ирсол намоянд.
Дарвоқеъ, фаъолияти баъзе ширкатҳои сохтмонӣ боиси норизоии сокинон гаштааст, ки ҳалли саривақтии худро тақозо менамояд. Ин ҷо бисёр ҷузъиётҳои дигар низ ҳастанд, ки ҳангоми тахриби хонаҳои куҳна ва бунёди манзилҳои нав ба миён меоянд. Ширкатҳои сохтмонӣ бо мақсади риояи адолати иҷтимоӣ ба соҳибмулкон барои таҳриби хонаҳои куҳнаашон, ки масоҳати хурд доранд, 20-30 фоизи иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд ва масоҳати иловагӣ медиҳанд. Вале нафароне, ки масоҳати умумии 25 метри мураббаъ хона доранд, маҷбур мешаванд, ҳатто бо ҷамъи 20 фоизи иҷтимоӣ барои гирифтани манзили нав, ки масоҳаташон калон мебошад, маблағи иловагӣ пардохт намоянд ё аз гирифтани иҷорапулӣ даст кашанд. Оё шахсе, ки 25 метри мураббаъ хона дошт, ҳақ дорад бе пардохти иловагӣ манзили баробарарзиш гирад? Ё бояд барои мутобиқ шудан ба меъёрҳои нави сохтмон маблағ супорад? Ин ҷо, албатта, аз маслиҳати ду ҷониб: соҳибмулк ва биносоз вобастагӣ дорад, вале дар ҳар сурат чунин муаммоҳои сарбаста ташвиши сокинонро зиёд менамоянд. Ин ҷо масъалаи адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиати шаҳрвандон дар ҷойи аввал меистад.
Илова бар ин, зичии биноҳо, кам гардидани масофа байни онҳо, мушкилоти таваққуфи нақлиёт ва маҳдуд шудани гардиши ҳаво ба муҳити шаҳр таъсири манфӣ мерасонад. Пиёдароҳҳо баъзан ба ҷойи таваққуфи мошинҳо табдил меёбанд. Пиёдароҳҳо аз кай боз моли ширкатҳои сохтмонӣ шудаанду худсарона ишғол ва ҷойи таваққуфи мошинҳо мегарданд?
Хуллас, агар масъулон назоратро пурзӯр, шаффофиятро таъмин ва адолати иҷтимоиро дар амал татбиқ намоянд, сохтмони баландошёна метавонад, воқеан, ба рушди устувори шаҳр мусоидат кунад. Дар акси ҳол, ин раванд метавонад ба манбаи баҳс ва норозигии ҷомеа табдил ёбад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»