Баргашт Чоп кардан

РОҲИ ПИЁДАГАРД. МУШКИЛ ҶИДДИТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ


Моҳи гузашта дар рӯзнома зери рубрикаи “Фонус– минбари андеша” мақолаеро бо номи “Роҳи пиёдагард. Нобудӣ аз маҳал ба марказ мекӯчад” хондам, ки чашмамро ба қоидаву нозукиҳои шаҳрсозию меъморӣ боз ҳам бозтар карду ба дарки баъзе камбудҳо роҳнамоиям сохт. Дар мақола сухан аз ғасби роҳи пиёдагузар ва ҳудуди дабистон дар шаҳраки Наврӯзи деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат ва кӯчаи Мушфиқии пойтахт меравад, ки воқеан, масъалаи ҳалталаб аст. Бо бардошт аз ин навиштаи саривақтӣ бобати мушкилоти роҳи пиёдагард барои ҳифзи зебоии Ватани азизамон мехоҳам бо иловаи чанд манзараи монанди дигар ҳамфикрии худро арз дорам.



Имрӯзҳо дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳар рӯз як навгонист. Ҷойи биноҳои куҳнаро сохтмонҳои нав бо тарҳу услуби замонавӣ иваз намуда истодаанд. Махсусан, дар ин айёми баҳор тавъам бо бедоршавии табиату шукуфтани гулҳо қомат афрохтани иншооти рангоранги таъиноти гуногун ҳусни шаҳр хеле мафтункунанда аст ва чашми ҳар бинандаро ба худ ҷазб мекунад. Бар хилофи ин ҳама зебоисозиҳо, бархе соҳибкорон дағалона ба амалҳои нодурусте даст мезананд, ки чун хоре ба чашм мехаланд. Мисолҳои зер таҳкимбахши ин гуфтаҳо хоҳанд шуд.
Ҳафтае пеш вақте ба Автокалонаи 2927, воқеъ дар кӯчаи М. Назаршоев 149, ки ба фурӯшгоҳи бузург табдил ёфтааст мерафтам, боз ҳам набудани роҳи пиёдагардро дар ин макони серодам мушоҳида карда, ростӣ ба худ боварам наомаду атрофи онро дубора аз назар гузарондам. Охир, ин ҷо ҳар рӯз садҳо одамон меоянду мераванд, на чизи дигар. Пас, чаро барояшон роҳрави муносиб ба эътибор гирифта нашудааст?! Дар ҳақиқат, дар даромадгоҳи ин ҷо ба ҷуз як роҳи мошингузар дигар ягон масири пиёдагардро надидам. Аз даромадгоҳи он байни мошинҳои сабукраву боркаш одамон худро ба қавле ғиҷим карда, равуо менамуданд. Шояд, боваратон наояд, аммо бо чашми сар дидам, ки дар ин гузаргоҳи хеле танг бархе нафарони қавипайкар аз даромадани фурӯшгоҳ то сабуктар шудани равуои мошинҳо худдорӣ мекарданд, зеро гузашт аз гузаргоҳи ниҳоят тангбор барои чунин одамон ҳам хатарноку ҳам хандабарангез низ буд.
Агарчи баъд аз даромадан ба ин ҷо роҳ каме васеътар мешавад, вале боз ҳам ҳама чиз дарҳам-барҳам аст. Маълум нест, ки одамон бояд бо кадом роҳ раванду нақлиёт бо кадом. Дар даромадгоҳ соҳибони дуконҳо ғарам-ғарам маҳсулоташонро дар қарибии роҳ гузошта, ҷойи гузари харидоронро танг карданд. Яъне, аз даромадгоҳ то расидан ба ҷойи даркорӣ кас наметавонад бемалол ҳаракат кунад. Муштариён маҷбуранд, ки дар қатори мошинҳо бо тарсу эҳтиёт роҳ раванд. Воқеан, таассуфовар аст, ки бо вуҷуди ин қадар пуродамӣ ва равуои зиёди автомобилҳо дар даромадгоҳи ин фурӯшгоҳи бузург роҳи пиёдагарде ба назар гирифта нашудааст.
Кӯчаи Неъмат Қарабоев - 4 ҷойи дигарест, ки ҳолати ғасби роҳҳои пиёдагард аз ҷониби соҳибмулк ошкор ба назар мерасад. Дар ин макон байни хонаҳои Н. Қарабоев - 4 ва Н. Қарабоев - 6 дар ҷойе, ки бояд масири пиёдагузар бошад, нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр сохта шудааст. Рӯзона, аз ин ҷо гузаштан чандон мушкил нест, аммо шабона макони серодаму пурғавғое мегардад. Дар ҳамин тангии роҳ ронандагон истода, хӯрок фармоиш медиҳанду ҷойи ҳатто қадамгузории дигаронро банд мекунанд. Муштариёни дигар ҳам дар интизории хӯрок болои роҳ мебароянд. Ин ҳолат ба ҳар роҳгузари дигар чи пиёда ва чи савора ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Неъмат Қарабоев ба самти кӯчаи Соҳилӣ монеа эҷод мекунад. Қариб ҳар бегоҳ ин ҷо чунин бенизомист.
Бигузор дар шаҳру ноҳияҳои мо ҳар рӯз садҳо дукону фурӯшгоҳ дари худро ба рӯйи мардум боз кунанд, ки нишони пешрафти зиндагии аҳолӣ ва омили таъмини ҷойи корӣ мебошанд. Аммо ҳама чиз дар ҷойи муносиб, бо риояи қоидаҳои шаҳрсозӣ ва ба эътибор гирифтани манфиати дигарон бояд сурат гирад! Ба андешаи ман вақти он расидааст, ки амалҳои ғасбкорона ва халалдоркунандаи зебоии шаҳр ҳатман ҷилавгирӣ карда шаванд. Шумо чӣ андеша доред?!
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”