Ҷоми раиси шаҳри Душанбе насиби дастаҳои Душанбе-1 ва ВКД гардид
Аз 14-уми феврал то 10-уми март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол байни дастаҳои касбӣ ва ҳаваскори бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе доир гашт.
Дар мусобиқа 40 даста бо фарогирии 600 нафар бонувони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин, дастаҳои волейболи бонувони ВМКБ, Суғду Хатлон, ШНТМ ва Душанбе иштирок намуданд.
Дар натиҷа, байни дастаҳои ҳаваскор бонувони Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи якум, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, дастаи раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷойи сеюм гардиданд.
Дар байни дастаҳои касбӣ бошад, мақоми аввал насиби тими волейболи Душанбе-1 шуд. Дастаи ВМКБ ҷойи дуюм, дастаи Суғд ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷом, медал, диплом ва мукофотпулӣ (ҷойи якум – 18170 сомонӣ, ҷойи дуюм – 15620, ҷойи сеюм 10520 ва ҷойи чорум – 5000 сомонӣ) тақдим гардид.
БОКС
4 медали муштзанҳои тоҷик аз Қазоқистон
Муштзанҳои тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Манарбек Ихсанов дар Қазоқистон 4 медал ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикис-тон, Мусобиқа аз 4 то 9-уми март дар шаҳри Остона баргузор шуд. Кишвари моро 6 варзишгар намояндагӣ карда, Беҳрӯз Умаров (54 кг) медали тилло, Фирӯзҷон Бойматов (48 кг), Анӯшервон Сидиқов (46 кг) медали нуқра ва Дилшод Сиҷаев (44 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
ТАЕКВОНДО
Пирӯзии варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ
Дар Мусобиқаи байналмилалии таеквондо WT - "Ҷоми қавитанҳо", ки 5-9-уми март дар шаҳри Мински Беларус баргузор шуд, узви тими мунтахаби таеквондои Тоҷикистон Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 59 кг медали тилло ба даст овард.
Дар ин бора Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон хабар дод. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни Мусобиқа Абдуҷаъфар муқобили панҷ ҳариф рақобат карда, пирӯз шуд.
Дар Мусобиқаи “Ҷоми қавитанҳо” 700 варзишгар аз панҷ давлат – Беларус, Россия, Арманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”