Баргашт Чоп кардан

ПАЁМ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲУҚУҚӢ ВА БАРНОМАИ АМАЛ


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва барномавӣ маҳсуб ёфта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро барои марҳалаи навбатии рушди кишвар муайян менамояд.


Дар қисми муқаддимавии Паём Президенти мамлакат ба дастовардҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро дар соли 2025 дар ҳама самтҳо назаррас арзёбӣ намуданд.
Бешак, дастоварди арзишмандтарини сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дар соли 2025 бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ нуқтаи ниҳоӣ гузоштан ба баҳси сарҳадии беш аз сад соли охир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Инчунин, зикр гардид, ки кишвари мо ташаббусҳои созандаи худро оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сайёра идома дода, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар тақвият бахшид.
Чунончи, 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул шуд.
Дар ҳамин ҷаласа бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд.
Ҳамзамон, соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Илова бар ин, дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.


ДАСТОВАРДҲО ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОҲАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ, САНОАТИКУНОНӢ, КИШОВАРЗӢ, МОЛИЯ, АНДОЗ ВА ИННОВАТСИЯ


Яке аз қисматҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳлили вазъи имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар буд. Дар ин маврид ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ҳадафҳои асосӣ муқаррар гардиданд.
Бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ тавсеа дода шуда, Стратегияи рушди бозори сармоя таҳия ва қабул гардад, Фонди кафолати қарзҳо таъсис, барномаи нави саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим таҳия шаванд.
Лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия ва пешниҳод шуда, инчунин, Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030 таҳия ва амалӣ гардонда шавад.
Инчунин, хотирнишон намуданд, ки соли гузашта дар мамлакат Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030 қабул шуда, иҷрои он имкон медиҳад, ки дар 5 соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Бинобар ин, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки иҷрои пурраи Барномаи мазкурро таъмин намуда, дар ин раванд ҷиҳати:
– афзалият додани истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, хизматрасонӣ, пардохтҳо, идоракунии давлатӣ ва ғайра, инчунин омодасозии кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ;
– зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои давлатӣ (буҷет), беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани хизматрасониҳои электронӣ, баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ ва афзоиши самаранокии хароҷоти давлатӣ;
– саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, дучанд зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, осон намудани дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, бахусус барои бахши соҳибкории истеҳсолӣ;
– бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ истифодаи оқилона ва самараноки замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ, гирифтани ду ва зиёда ҳосил, захираи маҳсулоти кишоварзӣ;
– зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, ҳавасманд гардондани хоҷагиҳои пахтакор ва ғайра, тадбирҳои зарурӣ андешанд.


МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ


Вазъи соҳаи маориф ва таълиму тарбия ҳамасола ҳамчун яке аз масъалаҳои калидӣ дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ояндаи босаодати давлату миллат дар паёмҳои Пешвои миллат арзёбӣ мегарданд. Дар Паёми навбатӣ низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, сол ба сол афзудани маблағгузории соҳа, ҳиссаи он дар буҷети давлатӣ ва такмили низоми таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун пешравиҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти пайваста афзудани шумораи хонандагон, зарурати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки:
– барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ҷиҳати гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд;
– бурду бохти низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд;
– аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезондани ин раванд тадбирҳо андешида шаванд;
– эҳтиром ба қонун, интизом, таҳаммул ва фарҳанги муошират дар муассисаҳои таълимӣ меъёри рафтор қарор дода шавад.
Пешвои миллат бори дигар ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намуда, барои тарбияи насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату дур аз таассубу хурофот, ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.


ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ

Бахши дигари Паёмро беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии мардум, таъминот бо ҷойи кор, нафақаву кумакпулӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бахусус нисбат ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, роҳбарони тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки:
– ба ҳаллу фасли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъминоти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд;
– дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд;
– дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.
Боиси қаноатмандӣ ва сипосгузорист, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.


ТАНДУРУСТӢ


Дар Паём ба такмили низоми хизматрасонии тиббӣ, рушди инфрасохтори соҳа, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхису табобат, рушди тибби профилактикӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи саломатии худ, тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ дар соҳа лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030 таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Зимнан, дар бахшҳои алоҳидаи Паём ба рушди иқтидори ҷавонон, ташаббускорӣ ва навоварӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва кор, дастгирии фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии онҳо, ҳамчунин, таҳкими маърифат, фарҳанг ва худшиносиву худогоҳӣ, хизмат ба Ватан ва ҳифзи манфатҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.


НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷомеа, хосса занонро ба дарки масъулияти худшиносиву худогоҳӣ ва тарбияи насли оянда даъват менамояд. Пешрафти воқеии ҷомеа танҳо бо иштироки фаъол, риояи арзишҳои миллӣ ва намунаи шахсии занон дар оила ва муҳити иҷтимоӣ таъмин мегардад. Занон на танҳо асоси тавлид ва тарбияи насл, балки ҳимоятгари фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дар Паём ба зарурати ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, рушди маърифат ва худшиносиву худогоҳии занон, истифодаи либоси милливу расмӣ ва даст кашидан аз бегонапарастӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Масъулони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки масъалаҳои таносуби занон дар хизмати давлатӣ, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фаъолияти соҳибкорӣ, тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил ҷалб гардидани онҳоро пайваста мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳо тадбирҳо роҳандозӣ намоянд.
Нуктаи марказии Паёми имсола эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» мебошад. Ин иқдом ҳадафмандона ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона шуда, ҷомеаро ба амалҳои мушаххас, натиҷабахш ва муфид даъват месозад. Мардуми кишвар бо дастгирӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат дар рушду ободии диёр саҳм гузошта, дар ин замина симои шаҳру деҳот комилан дигаргун гаштааст.
Чуноне ки дар Паём зикр гардид, дар раванди чорабиниҳо доир ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар бунёди 29 ҳазор иншооту биноҳо ба нақша гирифта шуда, 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандони ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшиноси мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ изҳор намуданд. Дар баробари ин, аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳама шаҳрвандони мамлакат даъват карда шуд, ки:
– корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ намоянд;
– то фарорасии Ҷашни истиқлол бунёди ҳама иншооти ҷашниро анҷом дода, роҳҳо, бинову иморатҳои маъмурию маишӣ, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намоянд.
Бояд зикр намуд, ки вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ равона гардида, дар якҷоягӣ заминаи устувори тақвияти давлатдории навини тоҷиконро, ки баъди зиёда аз ҳазор сол ба даст омадааст, фароҳам меоранд.
Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Тоҷикон таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсола дошта, аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон маҳсуб меёбанд.
Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи мероси илмию адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик беандоза бузург мебошанд.
Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ки шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, чоп ва ба аҳолии мамлакат туҳфа шуданд.
Соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хосаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо вазифадорем, дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.



Юсуфҷони ЮСУФЗОДА,
прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3