Баргашт Чоп кардан

Ба “Ҷумҳурият” ҷавоб омад


“БИНОИ ГУЛБАСАРЕ, КИ БА НАВСОЗӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАД”
Ба иттилои шумо мерасонем, ки Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон” мақолаи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Оҳистамоҳ Вафобекро, ки 3-юми сентябри соли 2025 бо номи “Бинои гулбасаре, ки ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад” ба табъ расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мақола мавзуи матраҳнамудаи муаллиф бамаврид ва саривақтӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон” корро аз сифр оғоз намуда, тадриҷан, ҳам дар таъмиру тармими дохилу беруни бино, ҳам дар сайқал додани ҳунари сиркӣ устуворона қадам мегузорад ва дар арсаи байналмилалӣ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад, ки ин дастовардҳоро набояд нодида гирифт.
Ҳамасола дар дохилу беруни бинои Сирки давлатӣ корҳои таъмириву тармимӣ гузаронда мешавад. Танҳо аз соли 2022 то ба имрӯз 22 пардозхона таъмир ва ҳам бо мебелу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, роҳраву утоқҳои маъмурият, саҳни пасипардагии ҳунармандон аз тармим бароварда шуд.
Дар мавриди таъмиру тармими бинои Муассиса гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар сол оид ба ин масъала тадбирҳои мушаххас андешида мешавад, зеро бе шароиту имконият наметавон ҳунармандони худ ва хориҷиро қабул кард, аз ин рӯ, пардозхонаҳо ва ҷойи нигоҳубини ҳайвонот пайваста таъмиру тармим мегарданд. Бояд дар назар дошт, ки Муассиса танҳо таъмири берунӣ надорад. Роҳбарият пайваста ҷиҳати ҳалли он мекӯшад. Навсозӣ ва таъмири маъмурият, лӯлаҳои обгузар, бошишгоҳи ҳайвонот, тайёрии пайваста ба зимистон, пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, ки масоҳати васеи бино маблағгузории ҷиддиро талаб менамояд, амалӣ мешавад.
МД “Сирки давлатии Тоҷикистон” танҳо соли 2025 дар масоҳати 3 419 метри мураббаъ корҳои панҷарабандӣ, сементкунии роҳравҳо, рангуборкунӣ ва амсоли инҳоро анҷом дод.
Муаллиф дар мақола дар мавриди норасоии таҷҳизоти сиркӣ ва шароити номувофиқи нигаҳдории ҳайвонот низ таъкид кардааст. Дар ин хусус гуфтан бамаврид аст, ки ҳунармандони тамоми жанрҳои сиркӣ бо таҷҳизоти сиркӣ (реквизитҳо)-и замонавӣ ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ таъмин буда, бо ин таҷҳизот дар фестивалҳои байнамилалӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаҳо гардиданд. Дар мавриди беҳдоштӣ ва таъмири ҷойи будубошу нигаҳдории ҳайвонҳо метавон гуфт, ки ҳамасола таъмир ва дар давоми сол ду бор корҳои санитарӣ-гигиенӣ ва ҳар ҳафта корҳои безараргардонӣ амалӣ шуда, ҳамзамон, ҳайвонҳо аз назари духтури бойтор гузаронда мешаванд.
Дар мавриди барномаҳои ҳунармандон бояд зикр кард, ки соли 2025 зиёда аз 21 намоиши сиркӣ ба тамошобинон пешниҳод шуд ва беш аз 14 ҳазор шаҳрванд онҳоро тамошо намуд. Инчунин, барои такмили барномаҳои сиркӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Мувофиқи талаботи фаъолияти ҳунарии сирки ҷаҳонӣ, агар дар се сол таҳияи як барнома ҷоиз бошад, сирки тоҷик дар як сол ду барномаи нав таҳия ва пешкаши ҳаводорон менамояд. Ҳунармандони Сирки тоҷик имрӯзҳо на танҳо дар саҳнаи сирки ватанӣ, балки берун аз он ҳунарнамоӣ намуда, ба пояҳои баланди ҳунарӣ расида, шуҳратёру соҳибҷоиза гардиданд. Роҳбарият ва устодон мекӯшанд, ки дар жанрҳои сиркӣ бештар барномаҳои дорои хусусиятҳои миллӣ муаррифӣ шавад.
Имсол барои таҷлили сазовори Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои Сирки давлатӣ таъмир ва навсозӣ мегардад. Нақшаи таҷдиду навсозӣ бо ороишгарону устодони соҳа мувофиқа гардида, моҳҳои наздик кор оғоз меёбад.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
директори МД “Сирки давлатии Тоҷикистон”