Баргашт Чоп кардан

ГУМРУК. КОРМАНДОНИ ХАДАМОТ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО МЕОМӮЗАНД


Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиш ва шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал - майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро муайян намуда, барои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ роҳнамо ба ҳисоб меравад.
Сардори раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Давлатзода Рамазонӣ иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлатро муайян менамояд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳои калидии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Зикр шуд, ки дар Паём ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди мамлакат арзёбӣ шудаанд. Инчунин, таъкид гардид, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз вазифаҳои муҳим маҳсуб мешаванд.
Ҳамзамон, дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг ба нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Тазаккур дода шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд. Ҳамчунин иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Инъикоси масъалаҳои хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва рушди он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши кибернетика дар сиёсати Пешвои миллат», «Сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» ва «Масъалаҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» маърузаҳо ироа намуданд.
Дар анҷом таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлатдорӣ хизмат менамояд.


ТОҶИКИСТОН. РЕЙТИНГИ СОҲИБИХТИЁРИИ ҚАРЗӢ УСТУВОР АРЗЁБӢ МЕШАВАД
Чанде қабл Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s Raitings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ намуд.
Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб бо Агентии мазкур ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи “B2” баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Тибқи арзёбии Агентии рейтингӣ, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи “B3” ба дараҷаи “B2”, пеш аз ҳама, ба рушди устувори иқтисодии кишвар дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад. Дурнамои “устувор” инъикоскунандаи интизориҳои мусбати Агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад. Ҳамзамон, идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиши хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги кишвар мусоидат кардаанд.
Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар бозгӯйи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши имкониятҳои ҷалби сармоя, коҳиши арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”