Баргашт Чоп кардан

ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁН БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ


16-уми март дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!» ҳамоиш доир шуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.
Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе метавонад боз ҳам шаҳомати ин ҷашни фархундаро бештар намуда, арзишҳои миллии тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ созад.


Иштироки Рашид Олимов дар Форуми ҷаҳонии Боку
Дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку, таҳти унвони «Бартараф кардани ихтилофҳо дар ҷаҳони тағйирёбанда» Форуми XIII ҷаҳонӣ баргузор гашт.
Дар он ходимони давлатӣ, дипломатҳо, муҳаққиқон ва коршиносон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Аз Тоҷикистон дар ин Форум дипломати шинохта, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Рашид Олимов иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва аҳамияти долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар таҳкими робитаҳои байни қитъаҳо сухан гуфт.


У. САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"