9-уми марти соли 2018. Ин рӯз дар таърихи муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар, ҳамсарҳаду ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон санаи муҳиме мебошад, ки дар робитаҳои байни кишварҳо саҳифаи навро боз намуда, ба унвони як рӯзи сарнавиштсоз сабт гардид. Ин санаро метавонем чун оғози марҳалаи сифатан нави ҳамкориҳо, эҳёи эътимоди сиёсӣ ва таҳкими муколамаи созанда миёни ду халқ эътироф намоем.
Маҳз дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсоякишвар сафари давлатӣ анҷом дод. Ин сафар, ки бо иродаи сиёсии роҳбарони ду мамлакат дар пояи эътимоду эҳтиром сурат гирифт, дари дӯстиро дубора боз намуд ва равобити ҳамсоягии некро таҳким бахшид.
Дар доираи сафар масъалаҳои муҳими вазъи муносибатҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва мустаҳкамсозии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи тарафайн дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқоту музокирот бастаи муҳими санадҳо – тақрибан 30 созишнома имзо шуд. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар ҳузури сарварони ду давлат ба имзо расид, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм буд. Маҳз дар пояи ин Созишнома ҳамкориҳои ду мамлакат дар соҳаи таълим ва илм, аз ҷумла робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва академияҳои илмҳо, роҳандозӣ шуданд ва тули чанд соли охир густариш ёфтанд. Ҳоло тарафҳо дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, табодули сафарҳои пажӯҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён ҳамкорӣ мекунанд.
Шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда миёни Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро метавон чун далели возеҳи рушди робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон арзёбӣ кард.
МАКТАБИ МУТАХАССИСОНИ РАҚОБАТПАЗИР
Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ҳоло на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олӣ эътироф гардидааст.
Имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд бо зиёда аз 250 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмию тадқиқотии ҷаҳон ҳамкории фаъол дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо лоиҳаҳои муштараки илмӣ, конфронсҳои байналмилалӣ, барномаҳои такмили ихтисос ва мубодилаи академию илмӣ амалӣ мешаванд. Донишгоҳ, бахусус, бо муассисаҳои бонуфузи Британияи Кабир, Австрия, Индонезия, Россия, Беларус ва Тоҷикистон барномаҳои муштараки таълимиро бомуваффақият татбиқ менамояд. Дар доираи чунин ҳамкориҳо, аз ҷумла тавассути барномаҳои мубодилаи кредитӣ чун «2+2» ва «3+1», донишҷӯён метавонанд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил ва дипломи дуҷониба дарёфт кунанд ва бо фарҳангҳои гуногун, низомҳои таълимӣ ва равишҳои инноватсионӣ ошно шаванд.
ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИНҲО
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 1993 таъсис ёфтааст, яке аз муассисаҳои бонуфузи мамлакати дӯст ба шумор меравад. Дар ин давраи начандон тулонӣ ин муассисаи таълимӣ тавонистааст, ки дар даҳгонаи донишгоҳҳои беҳтарини Тоҷикистон қарор бигирад.
Имрӯз донишгоҳ фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш дода, дар ин раванд бо 86 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст. Бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо – «Темпус», «Эразмус Мундус» ва «Эразмус+», Маркази Конфутсий, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудаанд. Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, бахусус ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон ва кишварҳои Аврупою Амрико роҳандозӣ гардидааст.
САҲИФАИ УМЕДБАХШИ ҲАМКОРӢ
Имрӯз ин ду донишгоҳи бонуфузи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ҳар кадом дар соҳаи таълим ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро доранд, ҳамкории судманду натиҷабахшро татбиқ менамоянд.
Бо таъкиди ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд Тӯлқин Тешабоев, – дар байни Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бобати татбиқсозии барномаи муштараки таълимӣ дар зинаи бакалавр созишномаи стратегӣ имзо шуд, ки тибқи он донишҷӯён метавонанд дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ таҳсил кунанд, аз захираҳои пешқадами таълимии ду донишгоҳ истифода намоянд. Раванди таҳсил дар асоси моделҳои «2+2» ё «3+1» ташкил шуда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат супурда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар бозори меҳнати ҳар ду кишвар, инчунин дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бартарии бештар дошта бошанд.
ТАТБИҚСОЗИИ БОМУВАФФАҚИЯТИ БАРНОМА
Шоёни таъкид аст, ки соли 2025 ин ҳамкории мутақобила нахустин натиҷаҳои худро дод. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукӯҳи супурдани дипломҳо ба аввалин хатмкунандагони барномаи муштараки таълимии ду донишгоҳ доир гардид: дипломҳои ду давлат супурда шуданд.
Метавон гуфт, ки хатмкунандагон дар заминаи ду муассисаи таълими олӣ, дар муҳити муосир ва рақамии таълимӣ дониш ва малакаҳои пешқадамро аз худ намуданд ва ҳоло боз беш аз 300 донишҷӯ дар чунин фазо таҳсил мекунанд.
– Бомуваффақият татбиқ кардани барномаи муштарак на танҳо ҳамгироии стратегӣ дар фазои таҳсилоти минтақавӣ, балки модели муассири институтсионалии омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар шароити иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад, – гуфт ректор Т. Тешабоев. – Ин шакли ҳамкорӣ синтези дуҷонибаи донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи байналмилалиро таъмин менамояд. Он на танҳо муносибатҳои академии байни ду донишгоҳ, балки сатҳи волои ҳамоҳангии низомҳои таҳсилоти олӣ ва шарикии стратегии ду давлатро равшан ифода мекунад. Маҳз чунин лоиҳаҳо дар ташаккули сармояи зеҳнӣ, ки рушди устувори минтақавиро таъмин менамоянд, аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ҳамзамон, ин иқдоми шоиста мояи эҷоди барномаҳои бештар, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони ботаҷриба дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Бо як сухан, дар партави сиёсати хирадмандонаи сарварони ду кишвар, на танҳо барои равуои озоду бемамониати шаҳрвандон, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстӣ, афзуншавии гардиши маҳсулот, балки бобати таҳкими ҳамкориҳои таълимӣ ва табодули академӣ низ асосу заминаи боэътимод, шароит ва имконоти мусоид фароҳам омад. Инак, ин сиёсати дурандешона натиҷаҳои некро медиҳад: насли нави мутахассисони рақобатпазир ба камол мерасанд.
ДАР ДОИРАИ МАВЗУЪ
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омор, ҳоло 6 ҳазору 39 шаҳрванди кишвари мо дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аз рӯйи теъдод, Тоҷикистон пас аз Россия (6 498 донишҷӯ) дар мақоми дуюм қарор дорад, ки ҷавонони ӯзбекистонӣ барои таҳсил интихоб кардаанд.
Ҳамзамон, 2 ҳазору 904 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар мактабҳои олии Ӯзбекистон мехонанд. Тоҷикистон миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонаш бештар барои таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, пас аз Ҳиндустон ва Туркманистон дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД, рӯзноманигор, шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон