Баргашт Чоп кардан

ФАЙЗОБОД. БОЗОРИ «ИНСОФФУРӮШ»-Ӣ ДАР РАМАЗОН

Ҳамасола дар кишвар ҳамин ки моҳи шарифи Рамазон ё идҳои Фитр ва Қурбон фаро мерасад, баъзе савдогарон нарху навои маҳсулотеро, ки мардум ба он талаботи зиёд доранд, ду-се маротиба боло мебардоранд. Чаро пеши роҳи гаронфурӯшӣ гирифта намешавад?
Боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, гӯшту шакар, мардумро ба ташвиш овардааст. Ин ҳолат дар бозори “Истиқлол” ва бозори марказии ноҳияи Файзобод низ ба назар мерасад. Ҳатто нархи ангишти ватанӣ то 1 300 сомонӣ барои як тонна боло рафтааст, ҳол он ки солҳои қаблӣ як тонна ангишт 700-800 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Саволе ба миён меояд: чаро бо мавҷуд будани конҳои зиёди ангишт дар кишварамон қимати ангишт боло меравад?
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ҳисобот дод, ки соли 2025 чорвопарварони ноҳия нақшаи истеҳсоли гӯшти чорворо 105 фоиз таъмин карданд. Модоме ки чунин бошад, пас чаро дар дуконҳои гӯштфурӯшӣ нархи гӯшт боло рафтааст. Ҳар рӯзи якшанбе дар минтақаи Мискинобод, Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Файзобод бозор барпо мегардад. Қассобони гӯштҷаллоб аз Файзобод, Фатҳобод, Заркамар, Мискинобод ба растаҳои гӯштфурӯшӣ гӯшти гов, бузу гӯсфанд ва гӯшти паранда ворид мекунанд. Онҳо гӯшти говро аз 95 то 110 сомонӣ, гӯшти бузу гӯсфандро зиёда 110 сомонӣ ва гӯшти мурғро то 60 сомонӣ ба савдо бароварда, ҷайб пур мекунанд. Намедонам, кай ва кӣ ба ин мушкили мардум сидқан таваҷҷуҳ мекунад ва пеши роҳи қиматиро мегирад?!


Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод